Тоҷикистону Ӯзбекистон дар дарёи Зарафшон ду НБО-и арзишаш 552 млн доллар месозанд

Ӯзбекистону Тоҷикистон дар дарёи Зарафшон ду неругоҳи барқи обӣ (НБО) месозанд. Дар мусоҳиба бо хабаргузории Kun.uz вазири энергетикаи Ӯзбекистон Алишер Султонов дар ин робита изҳор намудааст, ки сохтмони неругоҳҳо дар ду марҳила ба нақша гирифта шудааст. “Дар навбати аввал НБО Ёвон сохта мешавад, ки дар як сол 800 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мекунад, иброз […]

Ӯзбекистону Тоҷикистон дар дарёи Зарафшон ду неругоҳи барқи обӣ (НБО) месозанд.

Дар мусоҳиба бо хабаргузории Kun.uz вазири энергетикаи Ӯзбекистон Алишер Султонов дар ин робита изҳор намудааст, ки сохтмони неругоҳҳо дар ду марҳила ба нақша гирифта шудааст.

“Дар навбати аввал НБО Ёвон сохта мешавад, ки дар як сол 800 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мекунад, иброз доштааст ӯ. – Арзиши пешакии ин неругоҳ бо иқтидори 140 МВТ 282 млн доллар арзёбӣ мешавад”.

Ба гуфтаи вазир, дар марҳилаи дуюм имкони сохтмони НБО “Фондарё”, ки дар як сол ба ҳисоби миёна 600 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мекунад, мавриди омӯзиш қарор мегирад.

“Барои бунёди ин неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори 135 МВт 270 млн доллар маблағ зарур аст”, – гуфтааст вазир.

Султонов таъкид доштааст, ки барои амалисозии ин лоиҳаҳо ҷамъияти саҳҳомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсис дода мешавад.

Вазир инчунин гуфтааст, маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо аз ҳисоби қарз ва грантҳои ниҳодҳои байнулмитлалии молиявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои худии ҳар ду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

“Ин неругоҳҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон 1,4 млрд кВт/соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол хоҳанд кард”, – илова кардааст Алишер Султонов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...