Тоҷикистон содироти фулузоти қиматбаҳоро 3,3 баробар зиёд кардааст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ зиёда аз 2 млрд 210 млн долларро ташкил дод, ки 35,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Тавозуни савдо (фарқият байни содироту воридот) дар ин давра манфӣ буда, ба 132,3 млн доллар баробар шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи зиёда аз 1 млрд доллар молу маҳсулот ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-апрели соли гузашта 86,3% ё худ 481,2 млн доллар зиёдтар мебошад.

Дар сохтори содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳову нимақиматбаҳо зиёда аз 68%-ро ташкил медиҳанд.

Воридоту молу маҳсулот дар ин давра ба маблағи ҳудуди 2,2 млрд доллар сурат гиифтааст, ки 8,6% ё худ 92,6 млн доллар камтар дар муқоиса бо 4 моҳи соли гузашта мебошад.

Дар сохтори воридот маҳсулоти минералӣ, мошину таҷҳизот ва маҳсулоти саноати кимиёвӣ ҳиссаи бештар доранд.

Қобили зикр аст, ки дар давоми моҳҳои январ-апрели ҳамин сол Тоҷикистон бо 99 кишвари дунё муомилоти додугирифти молу маҳсулот анҷом додааст.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Швейтсария мебошад, ки ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон бо ин кишвар ба наздики 722 млн доллар баробар шудааст. Маблағи савдои дуҷониба бо Қазоқистон – 363 млн доллар, Русия – 320 млн, Чин – 217 млн ва Ӯзбекистон – 133 млн долларро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...