Тоҷикистон содироти фулузоти қиматбаҳоро 3,3 баробар зиёд кардааст

Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ зиёда аз 2 млрд 210 млн долларро ташкил дод, ки 35,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ. Тавозуни савдо (фарқият байни содироту воридот) дар ин давра манфӣ буда, ба 132,3 млн доллар баробар шудааст. Дар семоҳаи аввали […]

Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ зиёда аз 2 млрд 210 млн долларро ташкил дод, ки 35,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Тавозуни савдо (фарқият байни содироту воридот) дар ин давра манфӣ буда, ба 132,3 млн доллар баробар шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи зиёда аз 1 млрд доллар молу маҳсулот ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-апрели соли гузашта 86,3% ё худ 481,2 млн доллар зиёдтар мебошад.

Дар сохтори содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳову нимақиматбаҳо зиёда аз 68%-ро ташкил медиҳанд.

Воридоту молу маҳсулот дар ин давра ба маблағи ҳудуди 2,2 млрд доллар сурат гиифтааст, ки 8,6% ё худ 92,6 млн доллар камтар дар муқоиса бо 4 моҳи соли гузашта мебошад.

Дар сохтори воридот маҳсулоти минералӣ, мошину таҷҳизот ва маҳсулоти саноати кимиёвӣ ҳиссаи бештар доранд.

Қобили зикр аст, ки дар давоми моҳҳои январ-апрели ҳамин сол Тоҷикистон бо 99 кишвари дунё муомилоти додугирифти молу маҳсулот анҷом додааст.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Швейтсария мебошад, ки ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон бо ин кишвар ба наздики 722 млн доллар баробар шудааст. Маблағи савдои дуҷониба бо Қазоқистон – 363 млн доллар, Русия – 320 млн, Чин – 217 млн ва Ӯзбекистон – 133 млн долларро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.