Хонаи як сокини Чоркӯҳро кӣ оташ зад? Соҳибхона: қирғизҳо, мақомот: ҳанӯз маълум нест

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Хонаи як сокини маҳаллаи Ваҳдат (Говсори пешин)-и ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ки дар марз бо Қирғизистон қарор дорад, оташ гирифтааст. Ин ҳодиса соати 12:30 рӯзи 14-уми июн сурат гиритфааст.  Соҳиби хона дар ин сӯхтор ҳамсояҳои қирғизашро гунаҳкор мекунад, аммо мақомоти масъули Исфара мегӯянд, ки ҳанӯз дақиқ нест, ки далели аслии сӯхтор чист.

Дар ин сӯхтор қисмате аз хона ва оғилхонаи як сокини Исфара сӯхтаанд. Ниҳодҳои оташнишониву қудратии вилояти Суғд ба таҳқиқи далелҳои сӯхтор оғоз кардаанд ва ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар сурати ҳосил шудани хулоса назарашонро шарик месозанд.

Меъроҷ Зикриддинзода соҳиби ин хона иддао дорад, ки сӯхтор кори дасти ҳамсояҳои қирғизаш ҳаст, зеро хонаш бо хонаи онҳо девордармиён аст.

Дар ин ҳодиса оғилхонаи Зикриддинзода комилан сӯхтаву болопӯши се хонааш қисман ва ҳамому дигар иншооти ёрирасонаш дар коми оташ мондааст. 

Меъроҷ иддао дорад, ки ба оғилхонааш бо зарфи полиэтиленӣ бензин пошида оташ задаанд. Иддаое, ки ҳоло дақиқ нашудааст ва мақомоти оташнишонӣ мегӯянд, чанд фарзияи сӯхторро аз руйи нақли шоҳидону соҳибони хона санҷида истодаанд. 

Сабабҳои сӯхтори оғилу хонаи ин сокини Чоркӯҳро дидбонгоҳи оташнишонии ҷамоати Ворух таҳқиқ мекунад ва бино ба гуфти сардори ин ниҳод Боирҷон Латифзода хулосаи онҳо ҳоло ниҳоӣ нашудааст ва танҳо фарзияҳоро санҷида истодаанд. Ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ҳодисаро Вазорати корҳои дохилӣ, шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ, мақомоти амният, сарҳадбонӣ муштаракан бо онҳо таҳқиқ мекунанд.

Боирҷон Латифзода мегӯяд, ин хона дар минтақаи наздисарҳадӣ ҷойгир аст ва ҳоло баёноти шоҳиду соҳиби хонаро гирифта истодаанд. Ӯ гуфт то 10 рӯз мӯҳлат доранд ва аз ин рӯ барои муайян кардани далелҳои сӯтор саросема нестанд ва ҳаматарафа месанҷанд.

“Соҳиби хона дар баёноташ гуфт, бензин пошида оташ задагӣ, аммо ягон далели ин гуфтаҳо дар оғил боқӣ намонда, ҳама чиз сӯхтааст. Агар ягон зарф ё чизи дигар мемонд мо гуфта метавонистем ҳамин сабаби оташсӯзӣ аст. Дар назди оғил оташдон будаст шояд оташ аз он гузашта бошад, мо ин ду фарзияро пурра санҷида истодаем. Соҳибони хона мегӯянд, гурӯҳе аз ҷавонони қирғиз наздиктар ба хона омада олуча хурданд  инро ҳам месанҷем. Мо экспертонро шояд ба ин кор ҷалб кунем ва масъулини барқро ҳам гуфтем ҷойи ҳодисаро омада санҷанд”.

Маҳаллаи Ваҳдати ҷамоати Чоркӯҳ дар марз бо маҳаллаи Оқтатер ва Самарқандаки Қирғизистон ҷойгир аст ва бино ба гуфти масъулин чанд хонаи тоҷикону қирғизҳо дар ин ҷо девордармиён ҷойгиранд.

Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев ба “Азия-Плюс” гуфт, дирӯз дар ҷойи ҳодиса буд ва мардуми зиёду оташнишонон омада нагузоштанд, ки масоҳати сӯхтор доман паҳн кунад.    

Меъроҷ Зикриддинзода, ки иддао дорад хонаашро ҳамсояҳои қирғизаш оташ задаанд, мегӯяд аз ин ҳодиса ҷамъулҷам 30 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.

Дар саҳифаи инстаграмии vorukhtv низ видеои нашр шуд ва дар он оқибатҳои сӯхтори хонаи ин маҳалли Ваҳдатро зикр мекунанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд сабабҳои сӯхторро ба пуррагӣ санҷида истодаанд хуллосаи ниҳороӣ дар фурсати наздиктарин дақиқ карда мешавад.

Баъди ҳоисаҳои хунини рӯзҳои 29-30-уми апрел вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳарчанд ором аст, вале ба гуфти сокинон нигаронкунанда боқӣ мондааст. Бар пайи ин танишҳо аз ду ҷониб беш 50 нафар куштаву наздик ба 250 нафар захмӣ шуданд.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...