Путин ҳузури муваққатии муҳоҷиронро дар Русия то 30-юми сентябр тамдид кард

Президенти Русия Владимир Путин дар бораи танзими ҳуқуқи муҳоҷирон дар давраи пандемияи COVID-19 фармон ба имзо расонид. “Президенти Русия Владимир Путин “Дар бораи тадбирҳои муваққатӣ оид ба танзими мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия дар давраи бартараф намудани оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)» фармон имзо кард”, – зикр мегардад дар маълумоти […]

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин дар бораи танзими ҳуқуқи муҳоҷирон дар давраи пандемияи COVID-19 фармон ба имзо расонид.

“Президенти Русия Владимир Путин “Дар бораи тадбирҳои муваққатӣ оид ба танзими мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия дар давраи бартараф намудани оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)» фармон имзо кард”, – зикр мегардад дар маълумоти рӯзи сешанбе, 15 июн нашршуда дар торнамои Кремл.

Гуфта мешавад, қарори мазкур бо мақсади “таъмини некӯаҳволии беҳдоштиву эпидемиологии аҳолӣ ва танзими мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ” қабул шудааст, ки таҳти ин меъёр қарор мегиранд.

Ба ин тариқ, мувофиқи фармони мазкур, муҳлати ҳузури муҳоҷирон дар Русия бе таҳрим то 30 сентябри соли 2021 дароз мешавад. Тибқи матни санад, агар хориҷиён ба қонуншиканӣ даст зада набошанд, онҳо то 30 сентябр ихроҷ карда намешаванд.

Аммо хориҷиёне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ озод мешаванд, истисно мебошанд. Ҳамчунин хориҷиёне, ки қонунгузориро дар бораи сарҳади Русия риоя накардаанд ё ба амнияти миллӣ хатар эҷод мекунанд, ба ин категория дохил мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 15 июн давраи пешниҳоди сабукиҳо ба хориҷиён, ки бар асари пандемияи COVID-19 ҷорӣ шуда буд, ба охир расид. То имрӯз хориҷиён бояд ҳузури худро қонунӣ мекарданд ё қаламрави Русияро тарк мекарданд. Дар акси ҳол ба онҳо ҷарима ё ихроҷ бо манъи вуруд таҳдид мекард.

Реҷаи имтиёзнок барои хориҷиён бо фармони Владимир Путин ҷорӣ шуда, дар давраи авҷи пандемия имзо шуд ва муҳлати амалаш чандин маротиба дароз карда шуд.  Он ба шаҳрвандони дигар кишварҳо имкон медод, ки бо асосҳои қонунӣ дар кишвар боқӣ монда кор кунанд. Ба шаҳрвандоне, ки ба қонуншиканӣ даст зада буданд, тибқи ин фармон имкон дода шуда буд, ки бидуни ягон таҳрим мақоми ҳуқуқии худро танзим кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.