Мунтахаби Тоҷикистон Минямарро 4:0 шикаст дод. Ба марҳилаи сеюм мегузарад?

Мунтахаби футболи Тоҷикистон бар дастаи Минямар бо ҳисоби 4 бар 0 пирӯз шуд. Оё ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 роҳ меёбад? Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳарчанд Тоҷикистон бо ҳисоби бузург Миянмарро шикаст доду дар гуруҳи худаш мақоми дувумро гирифт, аммо ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобӣ роҳ ёфтанаш ба натиҷаи бозии дастаҳои дигар […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи Тоҷикистон бар дастаи Минямар бо ҳисоби 4 бар 0 пирӯз шуд. Оё ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 роҳ меёбад?

Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳарчанд Тоҷикистон бо ҳисоби бузург Миянмарро шикаст доду дар гуруҳи худаш мақоми дувумро гирифт, аммо ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобӣ роҳ ёфтанаш ба натиҷаи бозии дастаҳои дигар дар гуруҳҳои дигар, бастагӣ дорад.

Голҳоро ба дарвозаи Минямар бозигарони тоҷик Комрона Турсунов, Манучехра Ҷалилов, Шериддин Бобоев ва Шаҳром Самиев заданд. 

Натиҷаи бозиҳои гуруҳҳои дигар нимашаби имрӯз маълум хоҳад шуд. Тоҷикистон ҳеч гоҳе дар таърихи футболи худ ба марҳилаи сеюми бозиҳои гуруҳии Ҷоми ҷаҳон роҳ наёфтааст. Дар сурати раҳ ёфтан Тоҷикистон мустақиман ба Қаҳрамонии футболи Осиё роҳ пайдо хоҳад кард. 

Дар бозии имрӯз, ҳамчунин дар гуруҳи F мунтахаби Қирғизиcтон аз тими Ҷопон 5 бар 1 шикаст хӯрд.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.