Дар Турсунзода аз хонандагон талаб карданд, ки барои гирифтани аттестат шиносномаҳояшонро ба русӣ тарҷума кунанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Волидони мактабхонон аз шаҳри Турсунзода 17 июн ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки хатмкунандагонро маҷбур карда истодаанд, ки барои гирифтани аттестат тарҷумаи нотариалии шиносномаҳои миллиашонро ба забони русӣ пешниҳод кунанд.

Ба қавли яке аз волидон, дар мактабҳои №13 ва №34 ба хатмкунандагон гуфтаанд, ки агар тарҷуми шиноснома пешниҳод нашавад, аттестат (шаҳодатномаи хатми мактаб) дода намешавад.

Волидон мегӯянд, тарҷумаи нотариалии шиноснома тақрибан 35-40 сомонӣ нарх дорад ва ба назари онҳо, ин хароҷоти иловагӣ аст. Ба қавли ҳамсуҳбати “Азия-Плюс”, ба онҳо гуфтаанд, ки ин фармони Вазорати маориф аст.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки чунин фармон содир нашудааст ва талаби тарҷумаи шиноснома ғайриқонунӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорат гуфтанд, ба ин монанд мушкилот соли гузашта ҳам вуҷуд дошт ва ошкор шуда буд, ки бархе аз кормандони шуъбаҳои маҳаллии маориф барои аз масъулият озод кардани худ аз хатмкунандагон тарҷумаи шиносномаро ба забони русӣ талаб кардаанд.

“Кормандони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ ин ҳуҷҷатро барои аз масъулият озод кардани худ талаб мекунанд. Яъне дар сурати ба хатогӣ роҳ додан дар навишти ному насаб ва номи падар, гуфта тавонанд, ки аттестатро аз рӯи ҳуҷҷати аз ҷониби хатмкунанда пешниҳодгардида навиштаанд. Вазорати маориф дар ин хусус ҳеҷ фармоне содир накардааст”, –  гуфтанд дар он ҷо.

Зимнан зикр шуд, ки шахсони ба ин мушкил дучоршуда метавонанд ба телефони мудом фаъоли 227 76 86 занг зананд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Қурбони Собир: “Тоҷикони Самарқанду Бухоро бетарафанд ва аз ҳувияти худ дарак намедиҳанд”

Бахши дуввуми мусоҳиба бо иҷрокунандаи нақши Ҷомӣ дар филми "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар бораи ҳувияти миллӣ ва забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.