Дар Турсунзода аз хонандагон талаб карданд, ки барои гирифтани аттестат шиносномаҳояшонро ба русӣ тарҷума кунанд

Волидони мактабхонон аз шаҳри Турсунзода 17 июн ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки хатмкунандагонро маҷбур карда истодаанд, ки барои гирифтани аттестат тарҷумаи нотариалии шиносномаҳои миллиашонро ба забони русӣ пешниҳод кунанд. Ба қавли яке аз волидон, дар мактабҳои №13 ва №34 ба хатмкунандагон гуфтаанд, ки агар тарҷуми шиноснома пешниҳод нашавад, аттестат (шаҳодатномаи хатми мактаб) […]

Волидони мактабхонон аз шаҳри Турсунзода 17 июн ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки хатмкунандагонро маҷбур карда истодаанд, ки барои гирифтани аттестат тарҷумаи нотариалии шиносномаҳои миллиашонро ба забони русӣ пешниҳод кунанд.

Ба қавли яке аз волидон, дар мактабҳои №13 ва №34 ба хатмкунандагон гуфтаанд, ки агар тарҷуми шиноснома пешниҳод нашавад, аттестат (шаҳодатномаи хатми мактаб) дода намешавад.

Волидон мегӯянд, тарҷумаи нотариалии шиноснома тақрибан 35-40 сомонӣ нарх дорад ва ба назари онҳо, ин хароҷоти иловагӣ аст. Ба қавли ҳамсуҳбати “Азия-Плюс”, ба онҳо гуфтаанд, ки ин фармони Вазорати маориф аст.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки чунин фармон содир нашудааст ва талаби тарҷумаи шиноснома ғайриқонунӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорат гуфтанд, ба ин монанд мушкилот соли гузашта ҳам вуҷуд дошт ва ошкор шуда буд, ки бархе аз кормандони шуъбаҳои маҳаллии маориф барои аз масъулият озод кардани худ аз хатмкунандагон тарҷумаи шиносномаро ба забони русӣ талаб кардаанд.

“Кормандони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ ин ҳуҷҷатро барои аз масъулият озод кардани худ талаб мекунанд. Яъне дар сурати ба хатогӣ роҳ додан дар навишти ному насаб ва номи падар, гуфта тавонанд, ки аттестатро аз рӯи ҳуҷҷати аз ҷониби хатмкунанда пешниҳодгардида навиштаанд. Вазорати маориф дар ин хусус ҳеҷ фармоне содир накардааст”, –  гуфтанд дар он ҷо.

Зимнан зикр шуд, ки шахсони ба ин мушкил дучоршуда метавонанд ба телефони мудом фаъоли 227 76 86 занг зананд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.