Қарз аз маошро дар Тоҷикистон то 5,5 млн доллар кам кардаанд

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи май бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта ҳудуди 62,6 млн сомонӣ (5,5 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Нисбат ба аввали соли ҷорӣ, ки қарз аз пардохти маош дар ҷумҳурӣ қариб ба 80,6 млн сомонӣ (7,1 млн доллар) мерасид, ин нишондиҳанда 18 млн […]

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи май бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта ҳудуди 62,6 млн сомонӣ (5,5 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Нисбат ба аввали соли ҷорӣ, ки қарз аз пардохти маош дар ҷумҳурӣ қариб ба 80,6 млн сомонӣ (7,1 млн доллар) мерасид, ин нишондиҳанда 18 млн сомонӣ (1,6 млн доллар) камтар аст.

Дар соли 2020-и хурӯҷи пандемия қарз аз музди меҳнат дар кишвар ба андозаи 47,7 млн сомонӣ (4,2 млн доллар) зиёд шуд.

Сабаби камшавии қарз аз маош ба пардохти он дар соҳаҳои саноати коркард ва иттилооту алоқа маънидод мешавад.

Бо вуҷуди ин, қарзи аз ҳама зиёд дар бахши саноати коркард – зиёда аз 20,8 млн сомонӣ (1,8 млн доллар) боқӣ мемонад.

Музди моҳонаи миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба аввали моҳи феврал 1445 сомонӣ (128 доллар) ва ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) – 400 сомонӣ (36 доллар)-ро ташкил дод.

Ҳамчунин қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок (15,7 млн сомонӣ), сохтмон (7,1 млн сомонӣ) ва нақлиёт (10,4 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Музди моҳонаи миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба аввали моҳи май 1535 сомонӣ (136 доллар) ва ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) – 400 сомонӣ (36 доллар)-ро ташкил дод.

Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи бонкдорӣ ва ширкатҳои суғурта (4063 сомонӣ – 359 доллар), иттилоот ва алоқа (3711 сомонӣ – 328 доллар) гирифта, музди меҳнати пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 630 сомонӣ (55 доллар) сабт шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.