Ронандагоне, ки “права”-и русӣ надоранд, дар таксиҳои Маскав кор карда наметавонанд

Ба ширкатҳои хизматрасонии таксиҳо (агрегаторҳо) дар Маскав бо талаби қатъи пешниҳоди кор ба ронандагон бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ мактуб фиристода шуд. Дар ин бора Раёсати нақлиёти шаҳри Маскав хабар додааст, менависад Газета.ру. “Нозироти маъмурии роҳи Маскав аз онҳо талаб кард, ки ба пайваст кардани ронандагон бо шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ва бидуни таҷрибаи кори идораи автомашина […]

Ба ширкатҳои хизматрасонии таксиҳо (агрегаторҳо) дар Маскав бо талаби қатъи пешниҳоди кор ба ронандагон бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ мактуб фиристода шуд. Дар ин бора Раёсати нақлиёти шаҳри Маскав хабар додааст, менависад Газета.ру.

“Нозироти маъмурии роҳи Маскав аз онҳо талаб кард, ки ба пайваст кардани ронандагон бо шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ва бидуни таҷрибаи кори идораи автомашина хотима бахшад. Қонуншиканон ҷарима шуда, ба агрегаторҳо бо талаби бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки ба қонуншиканӣ боис мегарданд, мактубҳо фиристода шуданд. Агар қонуншиканиҳоро бартараф насозанд, мо маҷбур мешавем, ки ба прокуратура муроҷиат кунем”, – зикр мегардад дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар ин давра нозирони Раёсат зиёда аз 1,7 ҳазор ҳодисаҳоеро, ки дар онҳо ронандагони хориҷӣ бо собиқаи кории камтар аз 3 сол аз ширкатҳои бузурги хизматрасонии такси фармоиш гиифтаанд, ошкор кардаанд.

“Ин риоя нашудани қонунгузории амалкунанда аст. Ҳамчунин ин барои мусофирон низ бехатар буда наметавонад, чунки таксиро бояд ронандаи ҳирфаӣ бо таҷрибаи кории кофӣ идора кунад”, – таъкид доштаанд дар Раёсат.

Хотиррасон шудааст, ки айни замон танҳо бо доштани шаҳодатномаи ронандагии Русия ё Қирғизистон метавон дар такси кор кард. Ҳамчунин ба кор бо шаҳодатномаҳои кишварҳое, ки дар онҳо забони русӣ ба сифати забони расмӣ истифода мешавад, низ иҷоза дода мешавад.

Ғайр аз ин, ронандаи такси бояд на камтар аз се сол собиқаи корӣ дошта бошад.

“Барои ҳамеша ба худ эътимод доштан дар сафарҳо, аз 1 август дар шаҳри мо низоми таҳлили фаъолият дар таксӣ ба кор медарояд. Ба ҳар як ронанда ID-и хос дода мешавад. Ин ҷиҳати маҳдуд кардани дастрасӣ ба фармоишҳои ширкатҳои хизматрасони ғайриқонунӣ имкон медиҳад”, – илова кардаанд дар Раёсат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.