Радабандии ҷаҳонии сулҳдӯстӣ: Қирғизистон аз Тоҷикистон сулҳдӯстдортар?

Дар Шохис (индекс)-и ҷаҳонии сулҳдӯстӣ (GPI), ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ (IEP) таҳия шудааст, Тоҷикистон имсол байни 163 давлат мақоми 97-умро касб кардааст. Яъне давоми сол мавқеи Тоҷикистон аз мақоми 107-уми соли гузашта 10 зина беҳтар шудааст. Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон зинаи 67-ум, Қирғизистон – 76, Ӯзбекистон – 90 ва Туркманистон – […]

Дар Шохис (индекс)-и ҷаҳонии сулҳдӯстӣ (GPI), ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ (IEP) таҳия шудааст, Тоҷикистон имсол байни 163 давлат мақоми 97-умро касб кардааст. Яъне давоми сол мавқеи Тоҷикистон аз мақоми 107-уми соли гузашта 10 зина беҳтар шудааст.

Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон зинаи 67-ум, Қирғизистон – 76, Ӯзбекистон – 90 ва Туркманистон – мақоми 109-умро ишғол кардаанд.

GPI 99,7% аҳолии ҷаҳонро бо истифода аз 23 нишондиҳандаи сифатӣ ва миқдорӣ фаро гирифта, вазъияти ҷаҳонро дар се соҳа: сатҳи амнияти ҷамъиятӣ, миқёси низоъҳои дохилӣ ва байнулмилалии идомадошта ва сатҳи ҳарбикунонӣ мавриди санҷишу таҳлил қарор медиҳад.

Исландия аз соли 2008 кишвари аз ҳама сулҳдӯст боқӣ монда, дар зинаҳои аввали радабандӣ инчунин Зеландияи Нав, Дания, Португалия ва Словения ҷой гирифтаанд.

Афғонистону Яман, Сурияву Судони Ҷанубӣ ва Ироқ дар зинаҳои охири радабандӣ ҷойгир шуда, ба ҷуз Яман, дигар кишварҳо аз соли 2015 дар ин панҷгонаи кишварҳои нисбатан камтар сулҳпарвар қарор доранд. Афғонистон аз соли 2010 дар сегонаи ин кишварҳо ҷой дорад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки тайи 15 соли ахир тамоили сулҳпарварӣ коҳиш ёфта, балли миёна наздик ба 2 фоиз поин рафт. Аз 163 кишвари ба GPI шомилгардида, дар 86-тоаш беҳбудӣ ва дар 75-тоаш – бадшавии вазъият сабт шуда, дар 2 кишвар дар ин самт тағйироте ба амал наомадааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.