Дар се соли оянда БОР ба Тоҷикистон 462 млн доллар медиҳад

Зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндаи доимии Бонки осиёии рушд (БОР) дар ҷумҳурӣ хонум Шэнни Кэмпбелл Нақшаи тиҷоратии амалиётии БОР дар кишвар барои солҳои 2022-2024 баррасӣ шуд. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар доираи Нақшаи болозикр татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндаи доимии Бонки осиёии рушд (БОР) дар ҷумҳурӣ хонум Шэнни Кэмпбелл Нақшаи тиҷоратии амалиётии БОР дар кишвар барои солҳои 2022-2024 баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар доираи Нақшаи болозикр татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии давлатӣ ва ғайра пешбинӣ мегардад.

Гуфта мешавад, дар давраи татбиқи “Нақшаи тиҷоратии амалиётӣ дар кишвар” ҷалби маблағҳои грантии БОР дар ҳаҷми 462 млн доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст.

Бонки осиёии рушд яке аз бузургтарин мададрасонони молиявии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки шурӯъ аз соли 1998 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 2,2 млрд доллар, аз ҷумла 1,6 млрд доллар ба сифати грант ҷудо кардааст.

Дар соли хурӯҷи сирояти коронавируси 2020 ин ниҳоди молиявӣ ба Тоҷикистон дар асоси бебозгашт 320 млн доллар ҷудо кард, ҳарчанд мутобиқи нақшаи индикативӣ дастгирии молиявӣ ба маблағи 120 млн доллар дар назар буд.

Бастаи кумакҳо ба Тоҷикистон дар соли гузашта аз лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, бахши кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии сохтори давлатӣ, маорифу энергетика, инчунин ёрии таъҷилӣ барои муқовимат бо пандемияи коронавируси нав иборат буд.

Шурӯъ аз соли 2018 Тоҷикистон аз БОР танҳо бар асоси бебозгашт кумак дастрас мекунад. То ин вақт давоми солҳои 2015-2017 кумак тариқи 50/50, яъне 50% – қарз ва 50% – грант расонида мешуд.

Пурра гузаштан ба грантро намояндагони БОР чунин маънидод карданд, ки уҳдадориҳои нави молиявӣ сандуқи қарзии бе ин ҳам зиёди Тоҷикистонро душвортар мегардонанд.

Бо ҳамин сабаб пештар низ – аз соли 2008 то соли 2015 Тоҷикистон аз ин ниҳод маблағгузории бебозгашт дастрас мекард.

Кумаки Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон дар давраи солҳои 1998-2019

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.