Нигарониҳо аз афтодани Шерхон Бандар ба дасти “Толибон”. Вулусволии Имом Соҳиб суқут кард. НАВШУДА

Баъд аз ба дасти "Толибон" афтодани вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз, ки бо ноҳияи Панҷи Тоҷикистон ҳаммарз аст, баъзе аз мақомҳои маҳаллӣ аз ба дасти "Толибон" афтодани бандари тиҷоратии Шерхон Бандар нигронӣ кардаанд.  Вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундузи Афғонистон чанд соат пештар ба дасти гуруҳи "Толибон" суқут кард, ки дар ин бора ба "Азия-Плюс" Аҷмал Кокар, хабарнигори […]

Asia-Plus

Баъд аз ба дасти "Толибон" афтодани вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз, ки бо ноҳияи Панҷи Тоҷикистон ҳаммарз аст, баъзе аз мақомҳои маҳаллӣ аз ба дасти "Толибон" афтодани бандари тиҷоратии Шерхон Бандар нигронӣ кардаанд. 

Вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундузи Афғонистон чанд соат пештар ба дасти гуруҳи "Толибон" суқут кард, ки дар ин бора ба "Азия-Плюс" Аҷмал Кокар, хабарнигори хабаргузории "Пажвок" аз шаҳри Кундуз хабар дод.

Кокар мегӯяд, ки бархе аз манбаъҳои онҳо дар Шерхон Бандар ба ӯ гуфтаанд, ки агар ба ҳушдору нигарониҳои онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ нашавад, имкон дорад дар фурсатҳои наздик "Толибон" вориди бинову идораҳои ин гузаргоҳи муҳими тиҷоративу гумрукӣ шаванд.

Шерхон Бандар як гузаргоҳи муҳими тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон аст, ки воридоти гумрукии Тоҷикистон аз кишварҳои ҷануб ва ҷанубу шарқи Осиё, аз ҷумла Покистону Эрон тавассути ҳамин гузаргоҳ ворид мешаванд.

Ба гуфтаи Аҷмал Кокар вулусволии Имом Соҳиб, дар камтар аз як соати пеш ба дасти "Толибон" афтод ва худи шаҳри Кундуз дар муҳосираи ин гуруҳ гир мондааст.

"Дарвозаҳои вурудии шаҳри Кундуз ба дасти "Толибон" аст ва худи шаҳр муҳосира шудааст. Вазъият ин бора дар Кундуз аз ҳар бори дигар вахимтар аст",-гуфт Аҷмал Кокар.

Вулусволии Имом Соҳиб зодгоҳи Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва яке аз фармондеҳони маъруфи ҷангсолори ин кишвар аст. Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи Аҷмал Кокар дар мавриди талафот дар ин даргириҳо чизе гуфта нашудааст, "вале ин суқутҳо чандон талафоте надоранд, зеро неруҳои давлатӣ паснишинӣ мекунанд",-мегӯяд манбаи мо.

Дар Афғонистон дар чанд моҳи ахир влусволиҳои зиёде ба дасти гуруҳи "Толибон" афтодаанд. Танҳо дар ду се рӯзи ахир дар ин кишвар неруҳои давлатӣ аз 15 вулусволӣ берун шудаанд ва нигарониҳо аз суқут кардани вулусволиҳо дар бахшҳои дигари ин кишвар ба дасти “Толибон” зиёд шудааст.

Дар вилояти Форёб бар иловаи ба дасти “Толибон” афтодани чанд вулусволӣ, ҳамчунин доманаи ҷанг ба наздикиҳои шаҳри Маймана, маркази ин вилоят расидааст.

Намояндаҳои ин вилоят дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон гуфтаанд, ки агар неруҳои кӯмакӣ ба ин вилоят фиристода нашавад, эҳтимол аст, ки маркази вилоят ҳам суқут кунад.

Бар иловаи ин, 8 вулусволии вилояти Тахори ҳаммарз бо Тоҷикистон низ ба дасти Толибон афтодаанд. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии “Тулуънеюс”-и Афғонситон вулусволиҳои Чол, Намакоб, Янгиқалъа, Хоҷағор, Хоҷабаҳоваддин, Дарқад, Дашти Қалъа, Ҳазорсамучи вилояти Тахор ва Дашти Арчии вилояти Кундуз, Дараи Суфи боло дар Самангон, Чаҳорбулак дар Балх, Мангаҷик ва Хонақоҳ дар Ҷузвҷон, Хошрӯд дар Нимрӯз ва Харвор дар Лугар низ дар 24-соати гузашта ба дасти Толибон афтодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.