Ҳукумат Нақшаи кориро барои нимсолаи дуюм баррасӣ кард

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ба ҷуз вазъи марбут бо коронавирус дар Тоҷикистон дар маҷлиси рӯзи 30 июни ҳукумат инчунин дигар масоили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ шуданд.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла дар кори маҷлис нахуст масъалаи Нақшаи кори ҳукумат дар нимсолаи дуюми соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта мешавад, таъкид гардид, ки дар нақшаи корӣ аз тарафи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар нимсолаи дуюми соли 2021 дар маҷмуъ 8 масъала ва 6 чорабинии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пешниҳод гардидааст.

Сипас ҳисоботи вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода дар бораи рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, моҳӣ, асал, инчунин соҳаи саноат бо ашёи хом ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот шунида шуд.

“Раванди омӯзиш ва таҳлили Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 собит намуд, ки бо дастгирии ҳукумат ва татбиқ гардидани имтиёзҳои додашуда ба рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ мусоидат намуда, дар маҷмуъ нишондиҳандаҳои барномаи мазкур дар солҳои 2018-2022 ба 116 фоиз баробар гардидааст”, – гуфт вазир.

Вазири кишоварзӣ изҳор дошт, ки тибқи маълумоти оморӣ дар давраи солҳои 2018-2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои саршумори чорвои калон, бузу гӯсфанд, асп, паранда, истеҳсоли шир, гӯшт, тухм, моҳӣ ва асал марҳила ба марҳила афзун гардидааст, ки нисбати дурнамои Барнома зиёд мебошад.

Дар маҷлис инчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баррасӣ ва ба парлумон фиристода шуда, инчунин боз масоили зерин беррасӣ шуд:

Стратегия дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030;

Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030;

Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030;

Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024;

Таъсиси муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

… ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

Дар фарҷом президенти мамлакат ба сохторҳои марбута ва масъулин оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон, аз қабили ғалладонагиҳо, мевагӣ, сабзавот ва полезиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи зимистонгузаронӣ дар кишвар супоришҳо дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...