Эмомалӣ Раҳмон дастур дод масофаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ қотеъона риоя шаванд

Таҳти раёсати президенти кишвар, раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 июн маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он, аз ҷумл ба масъалаи интиқолу паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19” таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии […]

Таҳти раёсати президенти кишвар, раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 июн маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он, аз ҷумл ба масъалаи интиқолу паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19” таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19”, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ барои эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон дастуру супоришҳо дод.

Бори дигар таъкид шуд, ки масъалаи ваксинагузаронӣ риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” дар Facebook навиштае нашр шуд, ки дар он гуфта мешуд, “дар роҳи сироят ва паҳншавии коронавирус аз нақлиёти ҷамъиятӣ дида, дигар чизе хатари бештар надорад!”.

“Дар барқияи Ситоди ҷумҳуриявӣ омадааст, ки ба хотири беҳдошти саломатии ҷомеа тӯю маъракаҳо ва дигар расму оин бо шумораи маҳдуди одамон гузаронда шаванд. Аммо дар бораи танзими ғунҷоиш дар нақлиёти ҷамъиятӣ чизе гуфта нашудааст. Агар муқоиса кунем, дар тӯю маърака ҳарчанд мардум зиёд ҷамъ шаванд, аммо фосила кам андар кам ним метр ва аз ин ҳам бештар байни меҳмонон риоя мегардад, аммо дар маршруткаю автобусҳо ҳатто як ваҷаб фосиларо риоя кардан ғайриимкон аст”, – зикр шуда буд дар навишта.

Аз ин рӯ, пешниҳод гардида буд, ки “беҳтараш қоидаҳои беҳдошт дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ба танзим дароварда шавад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.