140 солагии Нусратулло Махсум. Фоҷиаи фирори мардум ба Афғонистон дар таърихитарин мактуби ӯ

Date:

Нусратулло Махсум қаҳрамонест, ки барои давлати навташкилу навпои Тоҷикистони Шӯравӣ ҷонбозӣ кардааст. Дақиқан ҷонбозӣ. Зеро талошҳо ва барномаҳои ӯ барои сохтани Тоҷикистон ва баргардонидани виқору шоистагии тоҷикон ба унвони мардуми аслӣ ва бумии Осиёи Миёна ба ҷойгоҳи воқеияшон, бар ивази ҷонаш тамом шуд.  Ӯро бо ҷурми “миллатгаройии буржуазӣ” қатл карданд, вале баъдан ҳамин ҷурм ӯро ба Қаҳрамонии Тоҷикистон расонид.

Корҳои шоистаи ин фарзонафарзанди тоҷик кам нестанд, вале дар ростои 140-солагии эшон як мақолаи таърихшиноси варзидаи кишвар, профессор Намоз Ҳотамовро бо номи “Мактуби таърихии Нусратулло Махсум  оиди бозгашти фирориён” бо каме ихтисор пешниҳод мекунем.

Нахустини роҳбари нахустини кишвари шӯроии Тоҷикистон

14 ноябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон, дар ҳайати ҷумҳурии иттифоқии Ӯзбекистон таъсис ёфт. 26 ноябр Кумитаи Инқилобии ин ҷумҳурӣ, бо сарварии Нусратулло Махсум Лутфуллоев бунёд гардид. Яъне, Нусратулло Махсум – аввалин сарвари давлатии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Соли 1926 кумитаҳои инқилобии (ревкомҳои) ҷумҳурӣ ба Шӯроҳо табдил дода шуданд. Дар натиҷа ба ҷойи Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (КИМ) ташкил карда шуд ва раиси он низ Нусратулло Махсум интихоб шуд.

Дар ин давраи томи таърихи халқи тоҷик, дар қатори корҳои бисёри дигар, яке аз вазифаҳои мураккабтарин ва ногузир, ба Ватан бозгардонидани гурезаҳо, ба манзили зист ва маводи хӯрокӣ таъмин намудани онҳо ба ҳисоб мерафт.

Масъалаи фирориён аз масъалаҳои хеле мураккаб ва саҳифаҳои фоҷиавии таърихи мардуми мост.

Аксари ҳукуматдорони гузашта парвои фирориёни мулки худро надоштанд. Яке аз аввалин арбобони давлатии мо, ки аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омадан дар андешаи бозгашти фирориён буд, ин Нусратулло Махсум Лутфуллоев мебошад.

Пӯшида нест, ки Нусратулло Махсум ба унвони нахустин роҳбари ҷумҳурии мо ҳама корро ба таъбире аз сифр бояд оғоз мекард, аммо ҳалли мушкилоти фирориёне, ки аз Афғонистон баргашта буданд, низ масъалаи хеле ҷиддӣ буд.  Албатта дар қолаби як мақола пардохтан ба ҳамаи хидматҳои Нусратулло Махсум дар мавриди фирориён ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ин ҷо танҳо перомуни як мактуби таърихии эшон марбут ба ин мавзуъ тамаркуз мекунем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мактуби таърихии Нусратулло Махсум

Мактубе, ки гап сари он меравад дар хусуси фирориёни бозгашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон аст, ки зери он имзои Нусратулло Махсум ба унвони Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ва Чинор Имомов – котиби масъули бюрои ташкилии ҳизби комунистии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Аммо дар мактуб дар хусуси таърихи рӯз, шахс ва нуқтаи муайяншуда маълумоте дарҷ нагардидааст. Аммо бино ба мазмуни мактуб мешавад хулоса кард, ки он марбути соли 1926 аст, эҳтимол ба роҳбарияти ҳукумати ҶШС Ӯзбекистон, ки Тоҷикистон ҷумҳурии мухтори он буд, навишта шудааст.

Пеш аз ҳама бояд ба инобат гирифт, ки масъалаи ба диёри худ баргардонидани ҳамдиёрони дар солҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ, бо сабабҳои гуногун ба хориҷа, махсусан ба Афғонистон фирор карда, аз масъалаҳои рӯзмарраи ҷумҳуриҳои навбунёди миллии Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Зеро, баробари бунёди тартиботи Шӯравӣ ва баъди он ҳам, аз ҳамаи ин ҷумҳуриҳо, қисми мардумони аз тартиботи нав норозӣ, ба ҳудуди Афғонистону Эрон фирор карда буданд. Бозгардонидани онҳо барои азнавбарқароркунии давлат ва бетакягоҳ гузаштани қувваҳои зиддишӯравӣ зарур буд.

Бо назардошти ин Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Ӯзбекистон дар асоси қарори анҷумани I Шӯрои Ӯзбекистон, ки феврали соли 1925 барпо гардида буд, ба деҳқонони аз Осиёи Миёна ба Афғонистон фирор карда, аз хусуси бозгашти эшон ба ҶШС Ӯзбекистон ва ҶМШС Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Дар ин росто эъломияи Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ҳам содир шуда буд.

Дар мактуби номбурда натиҷаи таъсири он муроҷиатнома ва эъломияро ба инобат гирифта, қайд карда мешавад, ки «деҳқонони дар вақташ сарзамини Тоҷикистонро аз дасти тороҷгарӣ ва бедодгарии босмачиён тарк карда, ҳоло бо фаро расидани осудагӣ, декларатсияи эълоншударо ба инобат гирифта, ба Тоҷикистон, ба замин ва манзили собиқи худ, ки хароб гардидаанд, баргашта истодаанд».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Чуноне аз мазмуни мактаб бармеояд, ҳамон лаҳза барои ба мардуми ба Афғонистон фироршуда, дар он мулк ҳам оромӣ насибашон нагардидааст. Онҳоро амалдорони давлати Афғонистон зиёда ба дод овардаанд. Аз ин рӯ қисме аз фирориён азм кардаанд, ки ба ватани худ, акнун Тоҷикистони Шӯравӣ баргарданд.

Мушкили фирориён чӣ буд?

Вале эшон «мӯҳтоҷи кӯмаки бародарона, ақалан барои қисман аз нав барқарор кардани хоҷагии худ» буданд. Дар мактуб тахмин карда мешавад, ки дар вақтҳои наздик эҳтимол 40 ҳазор оилаи деҳқонон ба замини пештараи худ баргарданд. Аз ин ҳисоб, бо тахмини муаллифон, «камаш 25% ҳатто муҳтоҷи маводи хӯрока будаанд. Онҳо имконияти бо қувваи худ ҷойгир шудан ва барқарор намудани хоҷагиашонро низ надоштаанд». Аз ҳамин сабаб ҳам дар назди ҳукуматии Тоҷикистон масъалаи ба онҳо ба тарзи таъҷилӣ расонидани ақалан кӯмаки ночизе пеш омадааст.

Барои ҳалли масъалаи бозгашти фирориён дар мактуб чунин пешниҳод ба миён гузошта шудааст:

1). Барои масолеҳи кишоварзӣ ва чорвои корӣ додани қарзи дарозмуддат ба миқдори 1050000 сӯм (аз ҳисоби ба як хоҷагӣ 105 сӯм, аз ҷумла 30 сӯм барои масолеҳи кишоварзӣ ва 75 сӯм барои чорвои корӣ);

2). Барои то ҳосили нав таъмини оилаи деҳқонони қашшоқ бо маводи хӯрока – 300 ҳазор сӯм ва ин маблағ бояд ҳамчун барои гуруснагон бебозгашт ҷудо карда мешуд;

 3). Барои хариди ғаллаи тухмӣ додани қарзи кӯтоҳмуддат ба миқдори 160000 сӯм. Ҳамин тарз хоҳиш карда мешуд, ки барои таъмини деҳқонони фирории бозгашта ҷамъулҷамъ 1510000сӯм ҷудо карда шавад.

Дар охири мактуб таъкид карда мешавад, ки ҳангоми ба тарзи мусбат ҳал нагардидани ин масъала:

1) Деҳқонони аз Афғонистон баргашта ба гуруснагӣ маҳкум мегарданд;

2). Минбаъд аз Афғонистон бозгаштани деҳқонон қатъ мегардад;

3). Ҳаракати зиддишӯравӣ (босмачигарӣ) дар Тоҷикистон боз боло мегирад.

Ин мазмуни он мактубе, аст ки ном бурдем. Бояд таъкид кард, ки таърихи ба вуҷуд омадани ин мактуб бо кори як комиссияи Кумитаи Инқилобии ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон доир ба расонидани кӯмак ба фирориёни бозгашта, фирориёни сиёсӣ ва иштирокчиёни ҳаракати зиддишӯравӣ, ки тарки силоҳ намуда, таслим шудаанд» алоқаманд аст. Ин комиссия 12 сентябри соли 1925 дар ҳайати Гуляев (агенти комиссари халқӣ оид ба корҳои хориҷии ИҶШС дар Тоҷикистон) – ҳамчун раис; Антонов (аъзои шӯрои ҳарбию инқилобии корпуси 13); Ёқубов (комиссари халқӣ оид ба кишоварзӣ) ва Азимов ташкил карда шудааст.

Шумораи фироркардаҳо: 200 ҳазор

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тавре аз ҳуҷҷатҳо ошкор мегардад, комиссияи номбурда бояд вилоятҳои Ҳисор, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Ғармро аз сентябри соли 1925 то августи соли 1926 меомӯхт. Комиссия дар натиҷаи омӯзиши масъала чунин хулоса баровардааст. Шумораи мардуми аз вилоятҳои номбурда ба Афғонистон фирор карда 200 ҳазор нафар (ё худ 40 ҳазор хоҷагӣ, яъне аз ҳисоби ҳар як хоҷагӣ иборат аз 5 нафар) тахмин карда мешуд.

Шумораи фирориёне, ки ба рӯзҳои аввали кори комиссия рост меояд ва ба қайд гирифта шудааст 2136 хоҷагиро ташкил додаанд. Аз он ҷумла: аз вилояти Қӯрғонтеппа – 893 хоҷагӣ, вилояти Кӯлоб – 786 хоҷагӣ, вилояти Ғарм – 387 хоҷагӣ ва вилояти Ҳисор – 70 хоҷагӣ ба қайди аввала даромадаанд.

Мувофиқи маълумотҳои худи фирориён, ки комиссия меоварад, аз 40 ҳазор хоҷагиҳои ба Афғонистон фироркарда, 15 ҳазор хоҷагиҳо доро будаанд ва қисме аз онҳо фикри баргаштан ба Тоҷикистонро надоштаанд. Яъне аз ин маълумот ошкор мегардад, ки аксарияти мардуми ба Афғонистон фироришуда бечора ё худ миёнаҳол будаанд.

Ба ғайр аз ин дар ҳамон солҳо қисме аз онҳо, ки ба ҳаракати зиддишӯравӣ шомил буданд, аз он даст кашида, ба тарафи тартиботи Шӯравӣ гузаштаанд. Аз рӯи маълумоти ба даст даровардаи комиссия, ҳамон лаҳза иштирокчиёни ҳаракати зиддишӯравӣ, ки тарки силоҳ намуда, таслим шудаанд ё таслим шуданианд – 900 нафарро (аз ҳисоби сарварони оила) ташкил медодаанд.

Таркиби қавмии фирориҳо чӣ гуна буд?

Он солҳо фирориёни дар атрофи Кундуз, Рустан, Хонаобод, Имом Соҳиб, Ҷоид ва Вахши Афғонистон ҷойгирифта, аз ҷиҳати таркиби миллӣ мувофиқи маълумоти худи фирориён чунин тахмин карда мешавад:

– узбекҳо – 4500 хоҷагӣ;

– тоҷикҳо – 3700 хоҷагӣ;

– қара-қирғизҳо – (он замон қирғизҳоро ҳамин тавр меномиданд) – 1300 хоҷагӣ;

– туркманҳо – 300 хоҷагӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Яъне фақат дар 6 вилояти номбурдаи Афғонистон 9800 хоҷагии фирориён ҷойгир шудаанд. Боқимонда дар ноҳия ва вилоятҳои дигари Афғонистон манзил гирифтаанд.

Чуноне аз далелҳои минбаъда бармеояд, бисёри он фирориён бо сабаби минбаъд ҳам ноором будани Ҷумҳурии Тоҷикистон (махсусан бо сабаби оғози сохти колхозӣ ва идомаи ҳаракати зиддишӯравӣ) ба диёри худ барнагаштаанд.

Чӣ қадар фирорӣ баргашту чӣ қадар овора монд?

Барои муайян намудани миқдори фирориёни бозгашта ба ҳуҷчати дигар назар меафканем. Чунончӣ, 26 августи соли 1932 комиссари халқии оиди кишоварзӣ Абдуқодир Муҳиддинов ба Кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон бо чунин мазмун қайдҳо фиристодааст:

Баъди фирори амири Бухоро ба Афғонистон дар замони шӯроикунонии ин мулкҳо ва авҷи ҳаракати зиддишӯравии солҳои 1921 – 1926 аз қисми ҷанубии Тоҷикистон тахминан 30 ҳазор хоҷагӣ ба Афғонистон фирор кардаанд. Он фирориён асосан ба ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Ҷилликӯл, Қубодиён, Фархор, Кӯлоб, Кангурт ва Лақай – тоҷик рост меомаданд. Баъди ташкили ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, дар натиҷаи аз тарафи роҳбарияти ҷумҳурӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ, солҳои 1925 – 1928 аз Афғонистон тахминан 7 – 8 ҳазор оила ба манзили аввалаи худ баргаштаанду халос.

Дар мавриди гурезагон, амир Олимхон гуреза ҳам дар хотираҳояш қайди аҷибе гузаштааст. Аз ҷумла ӯ таъкид мекунад: «дар вақт, ки бандаи оҷиз, дарёи Омуя ба тарафи Афғонистон убур намуда, тахминан сесад нафар аз навкарони мӯътабарини Бухоро ҳамроҳи ман гузашта буданд, низ барои тарафдориам аз ҳар гузаргоҳи дарёи мазкур мардумон тахминан як лак (сад ҳазор нафар) гузашта, дар наздам ҷамъ омада буданд. Аз ин ҷамоа тахминан 500 нафар аз ҷумлаи ашрофи аҳолии Бухоро ҳамроҳи худ гирифта, дигаре ба ҳар ҷойи тобеи Афғонистон таъмин намуда, худ ҳамроҳи 50 нафари мазкур иродаи дорусалатанаро қабул намудам».

Ҳангоми муқоисаи ҳуҷчатҳои дар боло овардашуда, ба мавҷуд будани гуногунфикрӣ оиди шумораи умумии фирориён дучор мегардем. Дар ин ҷо бояд ба инобат гирифт, ки чӣ маълумоти солҳои 1921 – 1926 ва чӣ соли 1932 асосан тахминӣ мебошанд. Вале ин тахминҳо на тахмини беасос, балки ҷамъбасти андешаҳое, махсусан комиссияҳои мухталиф ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин аз он маълумот хулосаи умумӣ баровардан мумкин аст, ки солҳои 20-уми асри ХХ сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубиро чоряки аҳолӣ тарк намуда, ба Афғонистон фирор кардаанд. Дар асоси муроҷиатномаи Ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ аз ҳисоби фироришудагон тақрибан чорякашон ба манзили худ баргаштаанду халос.

Боқимонда аз чор се ҳиссаи фирориёни ҷумҳурии мо зиндагии берун аз ватанро интихоб намуда, қисмашон ба воситаи Афғонистон ба мулкҳои гуногуни дунё паҳн гардидаанд.

Далели фирори мардум чӣ буд?

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас сабаби ин ҳама бесарусомонии мардум дар чист? Барои ба ин саволҳо ҷавоб пайдо намудан пеш аз ҳама бояд бори дигар ба иллатҳои замони бунёди тартиботи Шӯравӣ аҳамият дод. Чаро ин ҳама маҳз дар оғози замони Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст? Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки тартиботи амирии Бухоро тартиботи иртиҷоӣ буд. Ҳукумати амирӣ муқобили ҳар гуна тағйирот баромада, ақидаҳои пешқадамро дар аморат таҳдид мекард. Бинобар ин он сохт бояд барҳам дода мешуд. Низом иртиҷоӣ ва зиддимардумӣ будани низоми амирии Бухоро дар асарҳои фарзандони барӯманди ин сарзамин, махсусан Ахмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон бе парда кушода шудааст.  Вале худи мардуми Бухоро то ҳолате, ки он сохти иртиҷоии амириро сарнагун созад, ба дараҷаи зарурӣ тайёр набуд, агарчанде дар ин роҳ, махсусан коммунистони Бухоро ва ҷавонбухороиёни инқилобчӣ то андозае ҷонбозиҳо кардаанд.

Аз ин рӯ тартиботи иртиҷоии амирӣ дар қаламрави аморат, аз он ҷумла дар Бухорои Шарқӣ, асосан аз тарафи аскарони сурхи Шӯравӣ барҳам дода шуд. Дар натиҷа дар сарзамини собиқ аморат тартиботи нав – шӯравӣ бунёд гардид. Аммо мардум ин тартиботи навро агарчанде он ба манфиаташон буд, барои қабулаш ҳанӯз омода набуданд.

Аз бархе санадҳо маълум мешавад, аксари мардуми собиқ аморати Бухоро зуд аз баъзе чорабиниҳои ҳукуматдорони нав сахт ба ташвиш омадаанд. Зеро, амалдорони ин ҳукумат ҳангоми бунёди ҷамъияти нав дин ва урфу одати мардуми маҳаллиро ба инобат намегирифтанд. Онҳо ҳангоми амалиётҳои худ баъзан саҳифаҳои Қуръон ва дигар китобҳои диниро барои сохтани сигор ва дигар зарурияти шахсияшон истифода мебурданд, дар баъзе маҳалҳо масчидҳоро ба аспхонаи худ табдил додаанд.

 Дар байни амалдорони тартиботи нав шахсони поквиҷдон кам набуданд. Онҳо ҳар лаҳза дар ғами оромӣ ва осудагии мардум чораҳо меҷустанд. Вале дар ҳамон лаҳзаи душвор, баъзе аз амалдорони нав, бо мақсади қонеъ гардонидани ниятҳои нопок ва разилонаи худ рӯйирост ба мол ва номуси мардум дастдарозӣ мекарданд, нисбати шахсони ба худ номақбул аз номи ҳукумати нав ҳар гуна ҷазоҳо муайян мекарданд. Хулоса, онҳо ба шахсияти мардум сахт мерасиданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бадрафторӣ, бидгуфторӣ ва ҳар гуна разолатҳо, ки сифатҳои шахсии худи онҳо буд, ба тартиботи нав нисбат дода, ин сохтро дар назди мардум доғдор менамуданд. Афкори мардум оиди тартиботи нав бошад аксар дар асоси амалиётҳои ҳамин гуна шахсони бадкирдору бадрафтор ташаккул меёфт.

Ғайр аз ин дар бисёр мавридҳо барои ҷорӣ намудани тартиботи нав ба маҳалҳо шахсони барои мардуми он ҷо тамоман бегона ва аз ҳолати ноҳия бехабар, бештар аз ҳисоби туркони усмонӣ, ки гӯё ба хизмати «содиқонаи» ҳукумати ҷавони Бухоро гузашта буданд, фиристода мешуданд.

Нусратулло Махсумро чӣ ба мардум наздик кард?

Хулоса ин ҳама воқеаҳои рухдода мардумро ба ҳолати ногувор гузошт ва барои ба гурӯҳҳо тақсим шудани онҳо сабаб шуд. Як қисми онҳо баҳри ҳифзи номус ва ҳаёти худ ба Афғонистон гурехтанд… Қисми дигар сараввал ба тарафи амир ва баъди фирори ӯ ба қувваҳои ҳаракати зиддишӯравӣ ҳамроҳ шуданд. Қисми сеюм аз ноилоҷӣ дар кӯҳҳо паноҳ ёфтанд. Бинобар ҳамин ҳам дар зимистони қаҳратуни соли 1921 ҳангоми бунёди Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ, бисёр деҳаҳо беодам буданд.

Хатогиҳои ҷиддии ҳангоми бунёди тартиботи Шӯравӣ рух дода, минбаъд агарчанде аз тарафи ҳукуматдорони нав, яъне Шӯравӣ, қисман ислоҳ гардидаанд, вале оқибати онҳо барои ҷумҳурии навбунёди Тоҷикистон хело гарон буд. Вазъият аз мутасаддиёни тартиботи Шӯравӣ талаб мекард, ки бояд коре карда ҳарчи зудтар ва зиёдтар боварии мардумро ба сӯи ҷамъияти нав ҷалб намоянд.

Аз ҳамин сабаб ҳам ҳалли масъалаи фирориён аз аввалин арбоби номии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нусратулло Махсум заҳмати зиёдро талаб мекард.

Дар амалӣ намудани ин чорабиниҳо мавқеъ ва хизмати Нусратулло Махсум, ҳамчун ҷонфидои миллат бузург аст. Ба ин мазмуну далелҳои мансуби дар ин мақола таҳлилшуда гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ин марди накуномро бо мардум наздиктар намуд. Дар натиҷа мардум дар симои ин шахси наҷиб ҳимоятгари манфиати худро дида, ба ӯ бовар кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Натиҷаи ҳамин гуна боварӣ буд, ки қисме аз фирориён ба ватани худ баргашта, онҳо ҳам дар қатори дигарон ба ободии мамлакаташон камари ҳаммат бастанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...