Коронавирус дар Тоҷикистон: сироятёбии боз 24 нафар

Шоми 1 июл шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар ба 13 ҳазору 523 нафар расидааст. Теъдоди одамони сиҳатшуда 18 нафар афзудааст – тибқи омори расмӣ ҳоло шумораи онҳо 13 ҳазору 318 нафар ё худ 98,5%-ро ташкил медиҳад. Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ҳоло пойфишорӣ мекунанд, ки баъди хуруҷи дигарбораи коронавирус […]

Шоми 1 июл шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар ба 13 ҳазору 523 нафар расидааст.

Теъдоди одамони сиҳатшуда 18 нафар афзудааст – тибқи омори расмӣ ҳоло шумораи онҳо 13 ҳазору 318 нафар ё худ 98,5%-ро ташкил медиҳад.

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ҳоло пойфишорӣ мекунанд, ки баъди хуруҷи дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон, то кунун ҳеч касе  аз ин беморӣ нафавтидааст ва хабарҳои расонаҳо асос надоранд.

Рӯзи 30-юми июн, дар Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки баъди мавҷи дувуми бемории ҳамагир то кунун ин ниҳод ҳеҷ мавриди маргро сабти ном накардааст.

Ин дар ҳолест, ки то кунун дар расонаҳои гуногуни Тоҷикистон дастикам аз марги 10 нафар бар асари гирифтор шудан ба коронавирус маълумот нашр шудааст.

Бархе аз наздикони нафароне, ки расонаҳо аз он ҳамчун қурбонии COVID-19 ном мебаранд, ба расонаҳо ҳадди аққал гуфтаанд, ки наздиконашон аз бемории дорои нишонаҳои коронавирус даргузаштанд.

Аксари ин нафарон ё дар беморхонаи маъруф ба “Якум Советский” бистарӣ буданд, ё дар беморхонаи бемориҳои сироятии маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе. Ҳоло дар Душанбе гирифторони бемориҳои  коронавирусро танҳо дар ҳамин ду беморхона бистарӣ мекунанду халос.

Аммо аз 22-юми июн ба ин сӯ (аз замоне, ки Тоҷикистон расман сирояти дигарбораи шаҳрвандон ба коронавирусро таъйид кард), Вазорати тандурустӣ дар омори шумораи гирифторшудаҳо ба коронавирус аз мавридҳои нави марг низ чизе намегӯяд. Омори марг ҳамон 90 нафар боқӣ мондааст, ки ин 90 нафар то моҳи январи соли 2021 сабти ном шудаанд.

Сабаби марги дигар одамонро дар Вазорати тандурустӣ бемории илтиҳоби шуш (пневмония) маънидод мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.