Ниқоб ва масофаи иҷтимоӣ? Дар Тоҷикистон инро ҳатто нашунидаанд

Як суратгузориш омода намудем, ки ба паҳншавии коронавирус мусоидат кардани худи моро бозгӯст. Хунукназарии аҳолӣ тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, сабаби асосии хуруҷи дубораи коронавирус дар Тоҷикистон аст. Барои бовар ҳосил кардан ба он, ки мардум қоидаҳои одии худмуҳофизатиро риоя намекунанд, кофист, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баред ё ба бозор дароед. Аҳолӣ қариб аз ниқобпӯшӣ […]

Як суратгузориш омода намудем, ки ба паҳншавии коронавирус мусоидат кардани худи моро бозгӯст.

Хунукназарии аҳолӣ тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, сабаби асосии хуруҷи дубораи коронавирус дар Тоҷикистон аст. Барои бовар ҳосил кардан ба он, ки мардум қоидаҳои одии худмуҳофизатиро риоя намекунанд, кофист, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баред ё ба бозор дароед. Аҳолӣ қариб аз ниқобпӯшӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ даст кашидааст.

Дар ҷойҳои серодам ва макони издиҳоми мардум шаҳрвандон аз эҳтиёт кор намегиранд.

Вазорати тандурустӣ ҳам даст дорад

Дар ҳушёриву эҳтиёткориро аз даст додани аҳолӣ Вазорати тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус низ айбдоранд, ки муддати чандин моҳ мавҷудияти вирусро дар кишвар қотеъона рад мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, табибон бо шарти ифшо нагардидани ному насабашон (барои ифшои ин маълумот онҳо аз кор озод шуда метавонистанд) ҳамарӯза аз ошкор шудани чандин ҳолатҳои гирифторӣ ба сирояти коронавирус ҳарф мезаданд.

Вирус ҷойе гум нашудааст ва гум шуда ҳам наметавонист. Дар ин бора бадшавии вазъият дар кишварҳои ҳамсоя низ гувоҳӣ медиҳад. Қирғизистон аз мавҷи сеюми хуруҷи COVID-19 хабар дода, дар Ӯзбекистон тибқи маълумоти табибон, гирифторӣ ба коронавирус байни шаҳрвандони синни аз 25 то 45 сола қариб ду баробар афзудааст.

Ғайр аз ин, тоҷикистониён низ бемории худро тасдиқ намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ варақаҳои тесташонро бо натиҷаи мусбат нашр карданд.

Имрӯз баъди расман тасдиқ шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус, аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ даъват мешавад, ки тавсияи мутахассисонро дар ин соҳа ҳатман риоя намуда, бидуни зарурат ба ҷойе нараванд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд ва аз воситаҳои безараргардонӣ истифода карда, масофаи иҷтимоии 2 метрро риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.