Баъди Бишкек. Эмомалӣ Раҳмон бо вазири мудофиаи миллии Туркия мулоқот кард

Asia-Plus

Имрӯз, 1 июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акарро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот густариш ва таҳкими бештари робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамкории ниҳодҳои мудофиавии ду кишвар, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ҷонибҳо ба роҳ мондани робитаҳои муштаракро дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт, зарур шумурданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. – Дар робита ба ташаннуҷи вазъи амниятӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, таъкид гардид, ки дар ин ҷода зарурати муттаҳидии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқовимат ба онҳо тақозо мегардад.

Дар рафти мулоқот ба таври миёни ҷонибҳо  атрофи вазъи имрӯзаи ташвишовари Афғонистон мубодилаи афкори муфассал сурат гирифт. Дар ин зимн қайд гардид, ки дарёфти роҳҳои сулҳомези қазияи Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳои минтақа мебошад.

Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, зимни нишасти матбуотӣ вазири турк изҳор доштааст, ки “ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нияти президенти Туркия вобаста ба анҷом додани сафар дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон хабар додам”.

“Мо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ меҳисобем. Ҳарду кишвар арзишҳои умумӣ доранд, ки яке аз онҳо асари безаволи Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ мебошад, ки мардумони мо имрӯз аз он баҳра бурда истодаанд», — гуфтааст вазири мудофиаи миллии Туркия.

Хулусӣ Акар рӯзи 29 июн, замоне, ки президенти Қирғизистон бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, дар Қирғизистон ҳузур дошт ва ҳайати ҳарбии ин кишварро роҳбарӣ мекард. Дар он ҷо ӯ бо ҳамтои қирғизаш вохӯрда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи ҳарбӣ ва саноати ҳарбӣ, инчунин масъалаи ҳамкориро дар мубориза бо ташкилоти FETO баррасӣ карданд. Рӯзи дигар, 30 июн ӯ бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров вохӯрд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Қирғизистон, Хулусӣ Акар таманниёти неки президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғонро ба президенти Қирғизистон расонидааст. Ӯ таъкид доштааст, ки ҷониби Туркия ҳамеша ба ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда ва дар тамоси доимӣ будан бо Вазорати мудофиаи Қирғизистон омода мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...