АКС: Далели марги Убайдулло Раҷабов бемории COVID. Дар Лучоб ба хок супурда мешавад

Маросими ҷанозаи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов, ки чанд соат пеш дар Душанбе даргузашт, соати 16:30 дар масҷиди марказии шаҳр хонда ва пайкари ӯро дар қабристони шахсиятҳои фарҳангиву пурвовозаи кишвар дар Лучоб ба хок месупоранд.  Дар ин бора ба "Азия-Плюс" Шаҳзод Раҷабов писари ин ҳунарманди пуровозаи тоҷик хабар дод. Шаҳзод Раҷабов далели марги падарашро гирифторӣ ба бемории […]

Маросими ҷанозаи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов, ки чанд соат пеш дар Душанбе даргузашт, соати 16:30 дар масҷиди марказии шаҳр хонда ва пайкари ӯро дар қабристони шахсиятҳои фарҳангиву пурвовозаи кишвар дар Лучоб ба хок месупоранд. 

Дар ин бора ба "Азия-Плюс" Шаҳзод Раҷабов писари ин ҳунарманди пуровозаи тоҷик хабар дод. Шаҳзод Раҷабов далели марги падарашро гирифторӣ ба бемории ҳамагирӣ COVID 19 унвон кард.

"Дирӯз ба ин беморӣ гирифтор шуданд ва имрӯз моро тарк карданд. То ин вақт бемор набуданд, ба маҳфилу нишастҳо мерафтанд",-гуфт Шаҳбоз.

Убайдулло Раҷабов аз ҳунармандони саршинос ва пуровозаи театру синамои тоҷик буд, ки нақшҳои мондагоре офаридааст. Ин ҳунарманд яке аз пурбинандтарин ҳаҷвнигор ва танзпардози тоҷик буд, ки ҳанӯз аз замони Шӯрави доғтарин масоили иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсиро аз роҳи танз матраҳ мекард. Ин ҳунарманд 20-уми марти имсол ба синни 80 расида буд ва дар як мусоҳиба бо "Азия-Плюс" гуфта буд, ки 80-солагияшро дар хона бо ҳузури дӯстону наздиконаш ҷашн мегирад ва ҳеч ҷашну маҳфиле дар назар нест.

Убайдулло Раҷабов ҳамчунин ба унвони раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон низ солиёни зиёде кор кард. Аз ин пештар ӯ бо ҷамъ аз ҳунармандон ва пайравони мактаби эҷодияш дар солҳои сахту сангини ҷанги шаҳрванди театри минотурии "Оина"-ро таъсис дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.