Муҳлати ҳабси тоҷикеро, ки бо скинхедҳо занозанӣ карда буд, тамдид карданд

Суди Маскав муҳлати ҳабси Амиршо Ҳусейнови 21-соларо, ки пас аз занозанӣ бо скинхедҳо ё худ миллатгароҳои рус боздошт шуд, ду моҳи дигар тамдид кард. Ӯро дар авбошӣ муттаҳам медонанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов. “Мо аз ҷониби сафорат адвокат пешниҳод кардем, лекин пайвандони Ҳусейнов дигар адовокат киро кардаанд. Ин парвандаро […]

Суди Маскав муҳлати ҳабси Амиршо Ҳусейнови 21-соларо, ки пас аз занозанӣ бо скинхедҳо ё худ миллатгароҳои рус боздошт шуд, ду моҳи дигар тамдид кард. Ӯро дар авбошӣ муттаҳам медонанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов.

“Мо аз ҷониби сафорат адвокат пешниҳод кардем, лекин пайвандони Ҳусейнов дигар адовокат киро кардаанд. Ин парвандаро зери назорату пайгирӣ дорем. Дар нотаи ба унвони ВКХ Русия фиристодаамон тафтиши мунсифонаи қазияро талаб кардем”, – иброз дошт сафир.

Ба гуфтаи сафир, Амиршо Ҳусейнови 21-сола зодаи шаҳри Паҷакенти вилояти Суғд мебошад.

“Дар ҳоли ҳозир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дигар иштирокчиёни ҷанҷолу занозаниро ҷустуҷӯ доранд”, – хабар дод Сатторов.

Ёдрас мекунем, ки ин муноқишаву сипас ҷанҷолу занозанӣ шоми рӯзи 23 июн рух дод. Як гуруҳ скинҳедҳо дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав бо шиори "Россия для русских, Москва для москвичей!" (“Русия барои русҳост, Маскав барои маскавиҳост!”) раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил карда, одамони дигар миллатҳоро таҳқир мекарданд.

Дар натиҷа  ҷанҷол рух медиҳад, ки дар он як гурӯҳ шаҳрвандони Доғистон ва шаҳрванди Тоҷикистон вориди даргирӣ мешаванд. Ҷанҷол аввал “як ба як” сурат гирифта, сипас оммавӣ мешавад.

Пулис ҳангоми боздошти ин афрод шаҳрванди Тоҷикистон, Амиршоҳ Ҳусейновро низ боздошт кард.

Рӯзи 29 июн сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар нота фиристода, тафтиши мунсифона ва шаффофонаи қазияро талаб намуд.

Дипломатҳои тоҷик ба гуфтаи сафир, бо кормандони Кумитаи тафтишот ҳодисаро баррасӣ намуда, дар ҷаласаи якуми суд, ки 28 июн доир гардид, иштирок карданд.

Валентина Чупик, ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Facebook доир ба ин ҳодиса хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, миллатгароҳои ҷавонро баъди чанде раҳо карда, лекин нисбати “онҳое, ки зидди миллатгароӣ садо баланд карданд, мутобиқи моддаи 213 Кодекси ҷиноятии ФР (Авбошӣ) парвандаи ҷинятӣ боз шуд”.

Гуфта мешавад, Амиршо Ҳусейнов айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и бузургроҳ (шоссе)-и Рублёвское нигаҳдорӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.