Баъди марги ҳамсар. Писари ягонаи шоир Сайдалӣ Маъмур ҳам даргузашт

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Фарзони Маъмур, ягона писари Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, имрӯз, дар синни 43-солагӣ аз олам даргузашт ва маросими намози ҷанозаи ӯ соати 13:00 баргузор шудааст. Дар ин бора наздикон ва ҳамкорони собиқаш ба “Азия плюс” хабар доданд.

Фарзон Маъмур мудири собиқи ширкати “Babilon-Mobile”  буд, ки ҳоло падараш ҳам ба далели бемор будан аз марги фарзандаш хабар надорад.

Дар мавриди далелҳои марги ӯ то ба ҳол маълумоти расмие дастрас нест, вале чанд рӯз пеш, 26 июни соли равон модари Фарзон ва ҳамсари шоир Саидалӣ Маъмур, бону Роҳат дар яке аз бемористонҳои Душанбе дар синни 72-солагӣ фавтида буд. Сабаби марги марҳумро сироятёбӣ ба короновирус гуфта буданд. Ҳоло тахмин зада мешавад, ки Фарзон ҳам ба ин беморӣ сироят шуда бошад. 

Сомонаи pressa.tj бо нақли қавл аз наздикони Саидалӣ Маъмур навиштааст, ки худи шоир ҳам бо гумони сироят ёфтан аз короновирус бистарӣ аст ва табибон вазъи ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд.

– Табибон телефонӣ хоҳиш карданд, ки хабари марги фарзандашро ба шоир нагӯем, зеро ҳолаташ бад шуданаш мумкин. Вазъи худи Саидалӣ Маъмур муътадил буда, табобаташ идома дорад -гуфтааст яке аз наздикони шоир.

Шоир аз зиндагии якҷоя бо ҳамсари марҳумаш 3 писар дошт, ки ду нафари онҳо ҷавонмарг шуда, Фарзон фарзанди охирин ва ягонаи ӯ буд.

Саидалӣ Маъмур 76 сол дошта, яке аз шоирони маъруфи муосири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ аст.

Фарзон Маъмур чанд соли охир дар ширкати “Babilon-Mobile” ба ҳайси директор фаъолият мекард. Ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанд- як писару як духтар буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...