Хушдомани Эмомалӣ Раҳмон дар синни 88-солагӣ даргузашт

Date:

Хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, Узбекбӣ Асадуллоева шоми имрӯз дар синни 88-солагӣ даргузашт. Дар ин бораи Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худаш хабар медиҳад.

Радиои Озодӣ, имрӯз хабар дода буд, ки Узбекбӣ Асадуллоева бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтологияи Тоҷикистон, маъруф ба “клиникаи Мансуров” бистарӣ шуда буд.

Узбекбӣ Асадуллоева модари Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” буд, ки ба гуфти манбаъ як ҳафта зери назорати пизишкон қарор дошт.

Мақомот расман сабаби марги ӯро шарҳ надоданд, вале як пизишки Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Узбекбӣ Асадуллоева ба коронавирус сироят ёфта буд.

Узбекбӣ Асадуллоева, модари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозободи пешин) буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...