Баррасии парвандаи Ҳувайдо боз мавқуф гузошта шуд. Мурофиа баъди се моҳ доир мегардад

Манзума Фируз, Asia-Plus

Рӯзи 5 июл дар Русия мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи куштори духтарчаи 5-солаи тоҷик Ҳувайдулло Тиллозода баргузор шуд. Лекин дар мурофиа эълон карданд, ки баррасии парванда боз ба се моҳи дигар мавқуф гузошта шуд.

Мурофиа нимаи дуюми дирӯз дар суди вилояти Маскав оғоз гардид, хабар дод ба “Азия-Плюс” Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо.

“Гумонбаршуда дар мурофиа ҳузур дошт, лекин дар суд хабар доданд, ки парванда аз нав баррасӣ шуда, ҷаласаи минбаъда баъди се моҳ баргузор мешавад”, – иброз дошт ӯ.

Абдусалом Саидов изҳор намуд, ки аз мурофиаҳои судӣ хаста шуда, лекин то охир мубориза хоҳад бурд.

“То замони айбдор дониста шудани гумонбаршуда дар қатли духтарам ба ватан барнамегардам. Ман ин ҷо бояд то суди охирин бошам, сипас назди оилаам бармегардам”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ бар ин назар аст, ки пас аз се моҳ мурофиаи судии охирин баргузор гардида, гумонбаршуда маҳкум мешавад.

Мурофиаи пешин ҳам ба вақти дигар гузаронида шуда буд 22 июн баррасии парванда ба 5 июл мавқуф гузошта шуд.

Шавкат Умаров, вакили дифои хонаводаи Тиллоевҳо он замон ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки ба далели хуруҷи дигарбораи COVID-19 дар Маскав эҳтимолияти мавқуф гузоштани ҷаласаи додгоҳ вуҷуд дошта, ҳамзамон имкон дорад, ки ин мурофиа тариқи видеоконфронс аз боздоштгоҳ (СИЗО) сурат бигирад, лекин ин тавр нашуд.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 9-уми апрел баъди танаффуси тақрибан панҷмоҳа додгоҳи вилояти Маскав гумонбар дар қатли духтари панҷсола Александр Сёминро барои се моҳ ба СИЗО фиристода буд. Аз лиҳози рӯҳӣ ӯ солим эътироф гардид, ҳарчанд пайвандонаш исрор меварзиданд, ки ӯ рӯҳан бемор буда, ба табобат ниёз дорад.

Ёдрас мекунем, ки 22-юми июли соли 2018 аз қатлу таҷовузи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуд, 3 сол сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст.

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...