25 ҳазор доллар, 139 ҳазор, 50 ҳазор, 43 ҳазор сомонӣ: зарари расонида “бо роҳи дармадан ба боварӣ”

Вазорати корҳои дохилӣ аз мавридҳои зиёди сар задани ҳолатҳои ба истилоҳ фиребгарӣ хабар додааст. Аз ҷумла торнамои ин ниҳод, субҳи имрӯз аз мавридҳои зиёди ин гуна кирдор чанд хабари кӯтоҳ нашр кардааст.  Аз ҷумла, дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ки як ҷавони 25-солаи ноҳияи Файзобод "бо роҳи фиреб ба боварии як марди 31-сола"-и ҳамин ноҳия даромад […]

Вазорати корҳои дохилӣ аз мавридҳои зиёди сар задани ҳолатҳои ба истилоҳ фиребгарӣ хабар додааст. Аз ҷумла торнамои ин ниҳод, субҳи имрӯз аз мавридҳои зиёди ин гуна кирдор чанд хабари кӯтоҳ нашр кардааст. 

Аз ҷумла, дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ки як ҷавони 25-солаи ноҳияи Файзобод "бо роҳи фиреб ба боварии як марди 31-сола"-и ҳамин ноҳия даромад аз ӯ 139 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки аз заминҳои хоҷагии деҳқонияш қитъаи замини назди ҳавлигӣ" ҷудо мекунад, вале соҳиби пулро фиреб дода, маблағҳоро ба манфиати шахсияш истифода кардааст. 

Ҳамчунин торнамои ВКД менависад, ки як зани 52-солаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, "бо роҳи фиреб ба боварии зани 49-солаи ҳамин ноҳия даромада" аз ӯ ҷавоҳироти гуногунеро, ки 50 ҳазор сомонӣ арзиш доштаанд гирифта, ба ваъдаи ин ки маблағро дар кӯтоҳтарин фурсат бармегардонад, вафо накардааст. 

Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи майи соли 2020, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи И.Сомонӣ зани 52-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Бино ба навиштаи торнамои ин ниҳод, як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки аз соли 2017 дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, як нафар сокини душанбе, боз ҳам "бо роҳи фиреб ба бовариша даромада аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи “Тайота”-ро ба маблағи 4 ҳазору 500-доллари амрикои нархгузори карда гирифта, 600-доллари амрикоиашро дода, боқимонда 3 ҳазору 900-доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст. Инчунин соли 2011, аз ӯ 25 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст"

Ҳамчунин ба ҳамин шева як марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисорро як марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, "бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 57 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст".

ВКД аз боз шудани парванда дар мавриди ин кирдорҳо чизе нагуфтааст, танҳо хабар додааст, ки "аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.