Коронавирус дар Тоҷикистон: боз 2 нафари дигарро куштааст

Тайи шабонарӯзи ахир шумори фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ 2 нафар нафар зиёд шуд. Теъдоди умумии фавтидагон аз COVID-19 ба 95 кас расид. Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми шабонарӯзи ахир 26 нафар афзуда, 13 ҳазору 623 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 382 нафарро […]

Тайи шабонарӯзи ахир шумори фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ 2 нафар нафар зиёд шуд. Теъдоди умумии фавтидагон аз COVID-19 ба 95 кас расид.

Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми шабонарӯзи ахир 26 нафар афзуда, 13 ҳазору 623 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 382 нафарро ташкил медиҳад. Давоми ду рӯз 17 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори сироятёфтагону фавтидагон аз ин беморӣ ҳазорҳо номбар мешавад.

Чанде пеш маълум шуд, ки хушдомани президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, Узбекбӣ Асадуллоева шоми дирӯз дар синни 88-солагӣ даргузашт. Ӯ бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтологияи Тоҷикистон, маъруф ба “клиникаи Мансуров” бистарӣ шуда буд.

Ҳамчунин вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир беш аз ду ҳафта аст, ки гирифтори бемории "илтиҳоби шуши дутарафа" бо нишонаҳои коронавирус шудааст. Барои табобати ӯ аз хориҷи кишвар духтур овардаанд ва ин пизишкон вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд.

Оҳангсоз ва овозхони маъруф Далер Назаров ҳам аз коронавирус сироят шуда, яке аз наздиконаш хабар дод, ки “ӯ худро хуб ҳис намуда, дар хона муолиҷа гирифта истодааст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.