Дар Ӯзбекистон манъи пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бекор шуд

Asia-Plus

Дар қонун ““Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ” дар таҳрири нав дар Ӯзбекистон фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини озодии виҷдони ҳар як шахс ва дақиқ намудани таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад Uznews.uz.

Аз ҷумла манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир шудан бо сарулибоси динӣ (мазҳабӣ) аз қонун хориҷ мешавад, зеро дар асноди амалкунандаи қонунгузорӣ тавсифи ҳуқуқии мафҳуми “либоси динӣ” вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол, талабот ба сарулибоси кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ бо санадҳои дохилии онҳо танзим мешавад.

Қаблан дар Ӯзбекистон тибқи қонун ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сарулибоси динӣ манъ буд. Хизматчиёни ташкилотҳои динӣ истисно буданд. Барои риоя накардани қонуни мазкур шахс ҷарима шуда метавонист ё дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешуд.

Ҳамчунин тибқи санади нав, тартиби сабт ва қатъи фаъолияти ташкилотҳои динӣ содатар мешавад. Ба ин тариқ, шумори шаҳрвандон – ташаббускорони таъсиси ташкилотҳои динии маҳаллӣ, аз ҷумла масҷиду муассисаҳои динии дигар мазҳабҳо ду баробар кам мешавад. Акнун барои таъсиси ташкилоти динии маҳаллӣ имзои на камтар аз 50 шаҳрванди ба 18-солагӣ расида зарур аст.

Ғайр аз ин, талаботи мавҷуд будани 100 ташаббускор барои таъсиси мақоми марказии раёсати ташкилоти динӣ ва муассисаҳои таълимии динӣ бекор мешавад.

Шумори ҳуҷҷатҳое, ки ба мақоми адлия барои сабт пешниҳод мешаванд, ба таври назаррас кам шуда, муҳлати баррасии онҳо 2 баробар – аз 3 моҳ то 1 моҳ коҳиш меёбад.

Инчунин мақоми касбии маълумоти динӣ эътироф мешавад. Шаҳрвандон пас аз гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ, маълумоти миёнаи махсус ё маълумоти касбӣ мутобиқи қонунгузорӣ ба муассисаҳои таълимии динӣ барои таҳсил қабул карда мешаванд.

Барои ба барномаҳои таълимии низми маориф дохил кардани фанҳои динӣ (ба истиснои муассисаҳои таълимии динӣ) роҳ дода намешавад. Илова бар ин, сарфи назар аз муносибат ба дин, ҳуқуқи шаҳрвандони Ӯзбекистон ба маълумоти дунявӣ таъмин карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...