Нахустин ҳолати марг пас аз мавҷи дигарбораи коронавирус дар Панҷакент

Маъруф Ҳабибов, роҳбари собиқи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа (ДОСААФ) дар шаҳри Панҷакент, дар синни 52 солагӣ аз олам даргузашт. Бино ба гуфтаи пайвандонаш, сарҳанги мустаъфӣ Маъруф Ҳабибов чанд рӯзи охир аз бемории COVID ранҷ мебурд. Ин нахустин мавриди марг дар шаҳри Панҷакент пас аз тасдиқи дигарбораи хуруҷи вируси куруно дар Тоҷикистон мебошад.  Аз беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент […]

Хуршед Фозилов, барои "Asia-Plus"

Маъруф Ҳабибов, роҳбари собиқи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа (ДОСААФ) дар шаҳри Панҷакент, дар синни 52 солагӣ аз олам даргузашт. Бино ба гуфтаи пайвандонаш, сарҳанги мустаъфӣ Маъруф Ҳабибов чанд рӯзи охир аз бемории COVID ранҷ мебурд.

Ин нахустин мавриди марг дар шаҳри Панҷакент пас аз тасдиқи дигарбораи хуруҷи вируси куруно дар Тоҷикистон мебошад. 

Аз беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент бо тасдиқи ин хабар ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ин аввалин нафарест, ки дар пайи мавҷи навбатии бемории ҳамагир дар шаҳри Панҷакент, вафот кард.

Қаблан ҳам маргумири чанд нафар ба қайд гиритфа шуда буд, аммо табибон далели марги онҳоро пневномия ё илтиҳоби шуш меномиданд.

Бино ба маълумоти рӯзи 5-уми июл, дар Тоҷикистон, давоми як шабонарӯзи охир дар кишвар  26 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда,  17  нафар  пас аз муолиҷа солим гардонида шуданд. Инчунин, 2 нафар аз ин беморӣ фавтидааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 5 июл  дар кишвар 13623 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13382 нафар (98,2%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 95 нафар фавтидаанд.

Аз шумораи умумии фавтидагон, 5 нафари онҳо ба хуруҷи мавҷуи дувуми коронавирус дар Тоҷикистон марбут аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.