Тоҷикистон бар пайи вазъи Афғонистон аз СПАД хостори ёрӣ шуд

Asia-Plus

7 июл дар шакли видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) доир гардид, ки дар кори он Дабири кулли Созмон Станислав Зас ширкат варзид.

Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Тоҷикистон дар СПАД Ҳасан Султонов ба аъзои Шӯро дар бораи вазъияти сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон маълумот дод, хабар дода мешавад дар торнамои Созмон.

Аз ҷумла ӯ дар бораи вазъияти мавҷуда дар минтақаҳои наздисарҳадӣ маълумот дода, шумори сарбозони афғонеро, ки марзро гузаштанд, номбар кард.

“Давлати мо бо назардошти усули башардӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба низомиёни афғон иҷоза дод, ки бемамониат ба қаламрави Тоҷикистон гузаранд. Қобили зикр аст, ки байни хизматчиёни ҳарбии Афғонистон 4 маҷрӯҳ ва 1 кушта ҳам буданд", – гуфтааст Султонов.

Ӯ изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба сифати кишваре, ки бо Афғонистон тӯлонитарин марз дорад, баҳри ба эътидол омадани вазъият ва муқовимат ба таҳдиду чолишҳои аз ин кишвар бармемомада тадбирҳо рӯйи даст мегирад.

“Лекин бо назардошти вазъияте, ки сарт гирифта истодааст ва инчунин дар мавзеи душворгузари кӯҳистон ҷойгир будани баъзе қитъаҳо дар сарҳад бо Афғонистон, яккаву танҳо аз уҳдаи иҷрои ин кор баромадан душвор аст. Ин ҳолатҳо вокуниши муносиби моро дар доираи СПАД тақозо мекунанд, аз ҷумла андешидани тадбирҳо оид ба тақвияти имконоти ҳифзи марзҳои ҷанубӣ”, – иброз дошгтааст Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин росто зарурати таъмини иҷрои Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз 23 сентябри соли 2013 “Дар бораи кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳқими марзи Тоҷикистону Афғонистон” муҳиму рӯзмарра боқӣ мемонад.

“Аз ин рӯ, мехоҳем аз кишварҳои аъзои Созмон даъват кунем, ки дар пурра амалисозии санади мазкур саҳми худро гузоранд”, – илова намудааст ӯ.

Дар ҷаласаи Шӯрои доимии СПАД ҳамчунин як қатор лоиҳаву санадҳои дигар баррасиву қабул шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...