Муҳоҷиронро дар Русия муваззаф мекунанд, ки барои будубош санади ягона бигиранд

Date:

Барои вуруд ва ё будубоши дарозмуддат дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ минбаъд санади ягона бо як ҳомили электронӣ дарёфт мекунанд. “Известие” менависад, ин нукта дар  лоиҳаи қонуни аз ҷониби ВКД Русия таҳиягардида зикр шудааст.

“Ҳуҷҷати ягонаи тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Русия бо ҳомили электронии маълумот ба ӯ тибқи аризааш ба мақомоти федералии минтақавии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи умури дохилӣ бевосита тавассути воҳиди зертобеъ ё дар шакли электронӣ ба расмият дароварда мешавад”, – зикр мегардад дар ҳуҷҷат.

Дар назар аст, ки муҳлати амали ин ҳуҷҷат 10 сол хоҳад буд.

Барои гирифтани он дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ба Русия супурдани изи ангуштон (дактилоскопия) ва аксбардорӣ зарур аст. Ғайр аз ин, муоинаи тиббӣ бояд дар муҳоҷир мавҷуд набудани бемории вобастагӣ ба нашъамандӣ, ВНМО (ВИЧ) ва дигар бемориҳои сироятии барои атрофиён хатардоштаро тасдиқ намояд.

Ҳамчунин шаҳрванди хориҷӣ бояд полиси ихтиёрӣ ё ҳатмии суғуртаи тиббӣ дошта, боҷи давлатӣ пардохт кунад ва дар Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва маъмурӣ кабинет (ҳуҷра)-и худро ба расмият дарорад.

Дар ҳамин ҳол, дар лоиҳаи қонун ҳолатҳое низ зикр шудаанд, ки муҳоҷир ҳуҷҷати ягона гирифта натавониста, амали он ғайриқонунӣ эътироф мегардад ё боздошта мешавад. Масалан, чунин тадбирҳо дар ҳолатҳое амалӣ мешаванд, ки агар муҳоҷир дар бораи худ маълумоти бардурӯғ диҳад ё ҳуҷҷатҳои сохта пешниҳод кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...