Фарзияи Қирғизистон: дар тирпаронӣ дар марз бо Тоҷикистон як марзбон кушта шуд

Дар қитъаи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон тахминан соати 17:00-и рӯзи 8 июл байни марзбонони тоҷику қирғиз тирпарронӣ сурат гирифт, хабар медиҳад АКИпресс бо истинод ба Хадамоти сарҳадбонии КДАМ Қирғизистон. Тибқи маълумоти ин Хадамот, гурӯҳи посбонии савори аспи марзбонони Қирғизистон дар мавзеи ағбаи Наумин дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд қитъаи сарҳадро назорату посбонӣ мекардаанд. “Ҳангоми […]

Asia-Plus

Дар қитъаи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон тахминан соати 17:00-и рӯзи 8 июл байни марзбонони тоҷику қирғиз тирпарронӣ сурат гирифт, хабар медиҳад АКИпресс бо истинод ба Хадамоти сарҳадбонии КДАМ Қирғизистон.

Тибқи маълумоти ин Хадамот, гурӯҳи посбонии савори аспи марзбонони Қирғизистон дар мавзеи ағбаи Наумин дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд қитъаи сарҳадро назорату посбонӣ мекардаанд.

“Ҳангоми мувофиқи хатсайри муқарраршуда посбонӣ кардан дар мавзеи Чашмагилдон гурӯҳи посбонон ногаҳон аз ҷониби марзбонони Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор мегиранд ва дар натиҷа байни хизматчиёни ҳарбӣ тирпарронӣ ба амал меояд. Маълумот дар бораи осебдидагон зимни ин ҳодиса мавриди дақиқшавист”, – омадааст дар хабар.

Хабаргузории 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии ин кишвар хабар медиҳад, ки дар ин тирпаронӣ як марзбони 27-солаи қирғиз бо номи Ҳусниддин Ҳоҷиев кушта шудааст.

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 8-уми 9 июл ба "Азия-Плюс" гуфт, ки дар мавриди ин қазия ҳар чизе буд, дирӯз нашр карданд ва дар сурати ба даст омадани ҷузъиёти дигар онро расонаӣ мекунанд. Ҳоло чизи дигаре нест, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Гуфта мешавад, барои ошкор намудани сабабу ҳолатҳои ҳодисаи рухдода сардори Раёсати Хадамоти сарҳадбонии КДАМ Қирғизистон дар вилояти Ботканд Киялбек Толонбоев ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ ба ҷойи ҳодиса рафтаанд. Намояндагони хадамоти марзбонии ҳар ду кишвар далели мазкурро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи фарзияи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, марзбонони қирғиз ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур намуда, мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Қирғизистон интиқол диҳанд.

“Сарҳадбонони қирғиз ба амри  марзбонони Тоҷикистон дар мавриди вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд, – зикр гардид дар изҳороти КДАМ Тоҷикистн. -Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.