Коронавирус дар Тоҷикистон: боз 29 ҳолати нави сироятёбӣ

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то шоми 8 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 719 нафар расида, давоми як шабонарӯз теъдоди онҳо 29 нафар зиёд шуд. Шумораи фавтидагон бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ бетағйир – 97 нафар аз оғози пандемия боқӣ мемонад. Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 […]

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то шоми 8 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 719 нафар расида, давоми як шабонарӯз теъдоди онҳо 29 нафар зиёд шуд.

Шумораи фавтидагон бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ бетағйир – 97 нафар аз оғози пандемия боқӣ мемонад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 461  нафар худ 98,2%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 24 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори сироятёфтагону фавтидагон аз ин беморӣ ҳазорҳо номбар мешавад.

Дар ҷумҳурӣ ваксиназании шаҳрвандон идома дорад. Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки то  7 июл 339  ҳазору 749 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида   19  ҳазору 136 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки ба ҷуз занони ҳомиладор ва модарони ширхорадор, инчунин касоне, ки дар вақти ваксингирӣ дар онҳо коронавирус ошкор шудааст, дигар барои боқимонда шаҳрвандони синни аз 18-сола болои Тоҷикистон ваксинагирӣ ҳатмӣ аст.

Шахсони синни аз 18-сола боло, ки ваксина нагирифтаанд, бояд ба табиби оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ муроҷиат намоянд. Ваксинагузаронӣ бепул аст.

Барои шахсоне, ки ваксина намегиранд, то ҳол ягон чораи манъ ё маҳдудият ҷорӣ нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.