Дар музокироти Маскав Толибон ваъда доданд, ки аз сарҳадҳо намегузаранд

Намояндагони ҳаракати “Толибон” ба дипломатҳои Русия итминон доданд, ки сарҳадҳои давлатҳои Осиёи Марказиро гузаштанӣ нестанд. Тавре ВКХ Русия хабар медиҳад, гуфтушунидҳоро бо толибон намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон ва собиқ сафир дар ин кишвар Замир Кобулов роҳбарӣ кардааст. Ҳайати дафтари кории “Толибон”дар Қатарро, ки барои музокирот ба Маскав омада буданд, шайх Шаҳобуддин Диловар […]

Намояндагони ҳаракати “Толибон” ба дипломатҳои Русия итминон доданд, ки сарҳадҳои давлатҳои Осиёи Марказиро гузаштанӣ нестанд.

Тавре ВКХ Русия хабар медиҳад, гуфтушунидҳоро бо толибон намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон ва собиқ сафир дар ин кишвар Замир Кобулов роҳбарӣ кардааст.

Ҳайати дафтари кории “Толибон”дар Қатарро, ки барои музокирот ба Маскав омада буданд, шайх Шаҳобуддин Диловар сарварӣ доштааст.

“Ҷониби Русия дар мавриди шиддати вазъият дар ноҳияҳои шимоли Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, даъват кард, ки ба роҳ наёфтани чунин шиддатгирии вазъият дар берун аз ҳудуди кишвар роҳ дода нашавад”, – изҳор доштааст ВКХ Русия.

Гуфта мешавад, толибон изҳори итминон додаанд, ки хатти сарҳади кишварҳои Осиёи Марказиро намегузаранд ва инчунин кафолат додаанд, ки амнияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии давлатҳои хориҷиро дар қаламрави Афғонистон таъмин мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Толибон ҳамчунин изҳор доштаанд, ки бо хатари Давлати исломӣ (ДОИШ) дар Афғонистон қотеъона мубориза бурда, пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ба истеҳсоли маводи нашъаовар дар қаламрави кишварашон хотима мебахшанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.