Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Тавре Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири ин кишвар Лю Бинро ба ҳузур пазируфт, дар ҷараёни мулоқот рафти омодагӣ ба ин сафар баррасӣ шуд. Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои густариши […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири ин кишвар Лю Бинро ба ҳузур пазируфт, дар ҷараёни мулоқот рафти омодагӣ ба ин сафар баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд.

Сафари Ван И ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷиии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки 13-14 июл дар Душанбе дар назар аст, сурат мегирад.

Зикр мегардад, ки ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минатқавӣ табодули афкор намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.