Шералӣ Абдулқайсов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ҳам даргузашт

Asia-Plus

Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарманди маъруфи  театру синамои тоҷик чанд лаҳза пеш, дар Душанбе, дар бемористон, дар синни 70-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ Шералӣ Абдулқайсов ба бемории сироятии коронавирус сироят шуда буд ва дар беморхонаи Қария Болои  Душанбе бистарӣ шуда буд, ки чанд вақти ахир дар шӯъбаи эҳё қарор дошт.

Ҳоло дақиқ нашудааст, ки маросими ҷаноза ва дафни ҳунарпеша кай баргузор мешавад. Наздикони марҳум ният доранд ҷанозаи ӯро ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон бибаранд. Аммо аз он ҷо, ки марҳум Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон буд, тибқи муқаррароти роиҷ бояд дар оромгоҳи шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон дар Лучоб дафн шавад. 

Шералӣ Абдулқайсов моҳи апрели имсол 70-сола шуда буд ва дар моҳи май алоқамандон ва наздикону шогирдонаш тайи як маросими хосе 70-солагии ин ҳунарманди пуровозаи театру синамои тоҷикистонро таҷлил карда буданд. 

Ин ҳунарпеши маъруф 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шуда буд. Соли 1973 бахши санъат ва актиёриии Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм карда буд. Пас аз хатм ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор мепардозад, ки то поёни умр дар даргоҳ кор кард.

Дар солҳои 90-ум ба Донишкадаҳи фарҳангу ҳунари ба номи Турсунзода ба кор оғоз кард, ки дар ин даргоҳ мудири кафедраи маҳорати актиёрӣ буд. 

Шералӣ Абдулқайсов дар саҳнаҳои театру синамои тоҷик нақшҳои мондагоре офаридааст, ки эшонро дар шумори беҳтарин ҳунармандони Тоҷикистон қарор додаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...