Шералӣ Абдулқайсов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ҳам даргузашт

Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарманди маъруфи  театру синамои тоҷик чанд лаҳза пеш, дар Душанбе, дар бемористон, дар синни 70-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд. Бино ба маълумоти дарёфтӣ Шералӣ Абдулқайсов ба бемории сироятии коронавирус сироят шуда буд ва дар беморхонаи Қария Болои  Душанбе бистарӣ шуда буд, ки чанд вақти ахир дар шӯъбаи […]

Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарманди маъруфи  театру синамои тоҷик чанд лаҳза пеш, дар Душанбе, дар бемористон, дар синни 70-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ Шералӣ Абдулқайсов ба бемории сироятии коронавирус сироят шуда буд ва дар беморхонаи Қария Болои  Душанбе бистарӣ шуда буд, ки чанд вақти ахир дар шӯъбаи эҳё қарор дошт.

Ҳоло дақиқ нашудааст, ки маросими ҷаноза ва дафни ҳунарпеша кай баргузор мешавад. Наздикони марҳум ният доранд ҷанозаи ӯро ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон бибаранд. Аммо аз он ҷо, ки марҳум Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон буд, тибқи муқаррароти роиҷ бояд дар оромгоҳи шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон дар Лучоб дафн шавад. 

Шералӣ Абдулқайсов моҳи апрели имсол 70-сола шуда буд ва дар моҳи май алоқамандон ва наздикону шогирдонаш тайи як маросими хосе 70-солагии ин ҳунарманди пуровозаи театру синамои тоҷикистонро таҷлил карда буданд. 

Ин ҳунарпеши маъруф 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шуда буд. Соли 1973 бахши санъат ва актиёриии Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм карда буд. Пас аз хатм ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор мепардозад, ки то поёни умр дар даргоҳ кор кард.

Дар солҳои 90-ум ба Донишкадаҳи фарҳангу ҳунари ба номи Турсунзода ба кор оғоз кард, ки дар ин даргоҳ мудири кафедраи маҳорати актиёрӣ буд. 

Шералӣ Абдулқайсов дар саҳнаҳои театру синамои тоҷик нақшҳои мондагоре офаридааст, ки эшонро дар шумори беҳтарин ҳунармандони Тоҷикистон қарор додаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.