Бахши тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000 то охири сол ба поён мерасад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Амалисозии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 (хатти минтақавии интиқоли барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ) дар қаламрави Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ ба анҷом мерасад, хабар дод муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода зимни нишасти матбуотӣ.

“Татбиқи лоиҳа дар доираи ҷадвали муқарраршуда ҷараён дорад, ягон қафомонӣ нест. Ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ барои амалисозии лоиҳа ба Тоҷикистон оварда шудааст”, – иброз дошт ӯ.

Шоимзода таъкид дошт, ки сохтмон дар қаламрави Афғонистон, ки дар он ҷо то ҳозир зиёда аз 60%-и корҳо ба итмом расидааст, низ идома меёбад.

“Ҳарчанд вазъият дар Афғонистон ноамну бесубот бошад ҳам, дар он ҷо низ ягон қафомонӣ нест", – гуфт Шоимзода.

Дар лоиҳаи CASA-1000 содироти неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, буҷети умумии лоиҳа 1,86 млрд долларро ташкил медиҳад, ки 314 млн доллараш ба сохтмони қисмати тоҷикистонии лоиҳа равона мегардад.

Маблағҳои зарурӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бони исломии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд ҷудо шудааст.

Маросими оғози расмии татбиқи лоиҳаи CASA-1000 моҳи июни соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки сарони давлат ва раисони ҳукуматҳои чор давлати иштирокчии лоиҳа баргузор шуд.

Дар Тоҷикистон чӣ сохта мешавад?

Дар доираи лоиҳаи CASA-1000 дар қаламрави Тоҷикистон сохтмони иншооти зерин пешбинӣ шудааст:

– Хати интиқоли барқ (ХИБ)-и 500 кВ “Датка-Суғд 500” бо масофаи 477 км, ки 28 километри хат ба қаламрави Тоҷикистон рост меояд ва зеристгоҳи “Суғд-500” васеъ карда мешавад;

– ХИБ 500 кВ “Регар-Сангтӯда”бо масофаи 115 км ва васеъ кардани зеристгоҳи “Регар-500”;

– зеристгоҳи табдили неру дар Сангтӯда бо иқтидори 1300 МВт барои табдили неруи тағйирёбанда ба доимӣ ва сохтмони зеристгоҳи “Новшара” дар Покистон бо иқтидори 1300 МВт;

– сохтмони хати интиқоли барқи “Сангтӯда-Новшара” дар Покистон бо масофаи зиёда аз 750 километр, ки 117 километраш ба қаламрави Тоҷикистон рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...