Эмомалӣ Раҳмон аз раиси СММ хост, ки дар ҷаласаи сарони созмони Шонгҳой дар Душанбе ширкат кунад

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефоние, ки шоми 13-уми июл бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дошт, аз ӯ хост, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки қарор аст моҳи сентябр дар Душанбе баргузор шавад, ширкат кунад.  Тоҷикистон имсол раёсати даврии СҲШ ба дӯш дорад.  Ба ҷуз ин, бино ба иттилои  Хадамоти […]

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефоние, ки шоми 13-уми июл бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дошт, аз ӯ хост, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки қарор аст моҳи сентябр дар Душанбе баргузор шавад, ширкат кунад. 

Тоҷикистон имсол раёсати даврии СҲШ ба дӯш дорад. 

Ба ҷуз ин, бино ба иттилои  Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Антонио Гутерриш вазъи имрӯзаи Афғонистонро низ баррасӣ кардаанд. 

"Ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нигаронии худро аз шиддат гирифтани даргириҳо дар ин кишвари ба мо ҳамсоя иброз доштанд. Зимнан, муҳиммияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ қайд карда шуд",- мегӯяд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбати  телефонӣ "аз саҳми арзандаи кишвари мо дар татбиқи масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла дар соҳаи об ёдовар шуда, ба иқдомҳои охири Тоҷикистон ҷиҳати эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, инчунин таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора намуданд".

Дабири кулли СММ ҳам ҳимояти пурраи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду сохторҳои тахассусии онро аз иқдомҳои Тоҷикистон эълон кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.