Коронавирус дар Тоҷикистон: 3 фавту 43 бемори COVID-19 ошкор шуд

То шоми 13 июл тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 3 нафар афзуда, ба 107 нафар расид. Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 911 нафар расида, давоми як шабонарӯз теъдоди онҳо 43 нафар зиёд шуд. Ин нишондиҳанда ахиран афзоиши бештарини шабонарӯзии ҳолатҳои ошкоршудаи сироят аз коронавирус дар кишвар […]

Asia-Plus

То шоми 13 июл тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 3 нафар афзуда, ба 107 нафар расид.

Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 911 нафар расида, давоми як шабонарӯз теъдоди онҳо 43 нафар зиёд шуд.

Ин нишондиҳанда ахиран афзоиши бештарини шабонарӯзии ҳолатҳои ошкоршудаи сироят аз коронавирус дар кишвар мебошад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 581  нафар ё худ 97,6%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 28 нафар шифо ёфтаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи саломатии гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 13 июл вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода аз як қатор муассисаҳои тандурустии пойтахт, ки дар онҳо гирифторони бемории коронавирус бистарӣ шудаанд, боздид намуданд.

Аз ҷумла вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Абдухолиқ Амирзода аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов-и шаҳри Душанбе, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.