Ӯзбекистон ба марзи Тоҷикистону Афғонистон авиатсия, техникаи зиреҳӣ ва неруҳои таъиноти махсус мефиристад

Date:

Сарбозону афсарони ӯзбек ҳамроҳ бо ҳамтоҳои худ аз Тоҷикистону Русия дар мавриди ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар сурати убури ҷангиён аз кишвари ҳамсоя машқу тамринҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронанд.

Аз 1 то 10 август дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар самти вилояти Хатлон тамринҳои бузургмиқёси муштараки низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия баргузор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Тамринҳои муштараки зиддитеррористии низомиёни тоҷику ӯзбек ва рус дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар сарҳад бо Афғонистон доир мегарданд.

Дар тамринҳо неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, мудофиаи зиддиҳавоӣ ва неруҳои таъиноти махсуси се давлат иштирок мекунанд.

Дар тамринҳо ҳамоҳангсозии амалҳои низомиёни се кишвар дар сарҳад дар ҳолати марзи Тоҷикистонро рахна кардани террористон аз Афғонистон мавриди омӯзишу амал ва таҷриба қарор мегиранд.

Манбаъ зикр кард, ки амалҳои тарҳрезишуда – “аввалин тамринҳои мукаммали низмиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия мебошанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...