Ӯзбекистон ба марзи Тоҷикистону Афғонистон авиатсия, техникаи зиреҳӣ ва неруҳои таъиноти махсус мефиристад

Сарбозону афсарони ӯзбек ҳамроҳ бо ҳамтоҳои худ аз Тоҷикистону Русия дар мавриди ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар сурати убури ҷангиён аз кишвари ҳамсоя машқу тамринҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронанд. Аз 1 то 10 август дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар самти вилояти Хатлон тамринҳои бузургмиқёси муштараки низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия баргузор мешаванд. Дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарбозону афсарони ӯзбек ҳамроҳ бо ҳамтоҳои худ аз Тоҷикистону Русия дар мавриди ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар сурати убури ҷангиён аз кишвари ҳамсоя машқу тамринҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронанд.

Аз 1 то 10 август дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар самти вилояти Хатлон тамринҳои бузургмиқёси муштараки низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия баргузор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Тамринҳои муштараки зиддитеррористии низомиёни тоҷику ӯзбек ва рус дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар сарҳад бо Афғонистон доир мегарданд.

Дар тамринҳо неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, мудофиаи зиддиҳавоӣ ва неруҳои таъиноти махсуси се давлат иштирок мекунанд.

Дар тамринҳо ҳамоҳангсозии амалҳои низомиёни се кишвар дар сарҳад дар ҳолати марзи Тоҷикистонро рахна кардани террористон аз Афғонистон мавриди омӯзишу амал ва таҷриба қарор мегиранд.

Манбаъ зикр кард, ки амалҳои тарҳрезишуда – “аввалин тамринҳои мукаммали низмиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия мебошанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.