Имдодгарони ҳолатҳои фавқулода аз худкушии зане дар Хуҷанд пешгирӣ кардаанд

Date:

Имдодгарони Кумтаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз як ҳодисаи худкушӣ дар шаҳри Хуҷанд пешгирӣ намуданд.

“Ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд хабар расид, ки дар пули болои Сирдарёи шаҳри Хуҷанд духтаре худкушӣ карданист, – хабар медиҳад маркази матбуоти Кумита. – Бо дарёфти хабар имдодгарон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд”.

Бино ба маълумоти Кумита, имдодгарон бо ҷавонзан суҳбат карда, ӯро водор намуданд, ки аз ин нияти худ даст кашад.

“Ин зан сокини 27-солаи ноҳияи Спитамен буда, сабабҳои ба худкушӣ водор намудани ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд”, – хабар медиҳад Кумита.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...