Намози ҷанозаи Сафарбек Солеҳро ба пас аз намози Иди Қурбон мавқуф гузоштанд

Asia-Plus

Маросими намози ҷанозаи Сафарбек Солеҳ, коргардони маъруфи тоҷик, ба субҳи рӯзи 20-уми июл, пас аз намози Иди Қурбон мавқуф гузошта шудааст. Дар ин бора Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодия синамогарони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қарор буд, пас аз намози асри имрӯз намози ҷанозаи ин коргардони шуҳратёри тоҷик хонда шавад. 

Фардо, намози ҷаноза дар масҷиди деҳаи Моинкаҷи шаҳри Ваҳдат, пас аз намози Иди Қурбон хонда мешавад. 

Сафарбек Солеҳ, зуҳри имрӯз, пас чанд рӯзи гирифторӣ ба коронавирус дар сини 62-солагӣ даргузашт. Ӯ худаш чанд рӯз пеш, дар фейсбук  аз беморияш хабар дода буд ва аз дӯстон хоста буд, дар ҳаққаш дуогӯй бошанд.

Сафарбек Солеҳ 15-уми сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1980 аз бахши забону адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло фориғ мешавад, вале ба синамо бештар майл мекунаду ба ҳамин ҳунар дил медиҳад. 

Билахира ин ишқу алоқа ӯро ба мактаби Мактаби олии сенариянависон ва коргардонҳои Маскав бурд ва  соли  1993 ин мактаби ҳунариро хатм кард. 

Муддате дар киностудияи “Тоҷикфилм” коргардон буд. Соли 2004 баъди хатми бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ва дарёфти дипломи ҳуқуқ муддате коршиноси ҳуқуқии Бонки ҷаҳонӣ буд ва баъди он то поёни умр дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе ифои вазифа мекард.

Ин коргардони пуровозаи кишвар наздик ба 25 филм сохта буд, ки чандин ҷоизаҳои байналмилалиро ба Тоҷикистон оварда буданд. 

 Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...