Намози ҷанозаи Сафарбек Солеҳро ба пас аз намози Иди Қурбон мавқуф гузоштанд

Маросими намози ҷанозаи Сафарбек Солеҳ, коргардони маъруфи тоҷик, ба субҳи рӯзи 20-уми июл, пас аз намози Иди Қурбон мавқуф гузошта шудааст. Дар ин бора Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодия синамогарони Тоҷикистон хабар медиҳад. Қарор буд, пас аз намози асри имрӯз намози ҷанозаи ин коргардони шуҳратёри тоҷик хонда шавад.  Фардо, намози ҷаноза дар масҷиди деҳаи Моинкаҷи шаҳри Ваҳдат, […]

Маросими намози ҷанозаи Сафарбек Солеҳ, коргардони маъруфи тоҷик, ба субҳи рӯзи 20-уми июл, пас аз намози Иди Қурбон мавқуф гузошта шудааст. Дар ин бора Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодия синамогарони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қарор буд, пас аз намози асри имрӯз намози ҷанозаи ин коргардони шуҳратёри тоҷик хонда шавад. 

Фардо, намози ҷаноза дар масҷиди деҳаи Моинкаҷи шаҳри Ваҳдат, пас аз намози Иди Қурбон хонда мешавад. 

Сафарбек Солеҳ, зуҳри имрӯз, пас чанд рӯзи гирифторӣ ба коронавирус дар сини 62-солагӣ даргузашт. Ӯ худаш чанд рӯз пеш, дар фейсбук  аз беморияш хабар дода буд ва аз дӯстон хоста буд, дар ҳаққаш дуогӯй бошанд.

Сафарбек Солеҳ 15-уми сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1980 аз бахши забону адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло фориғ мешавад, вале ба синамо бештар майл мекунаду ба ҳамин ҳунар дил медиҳад. 

Билахира ин ишқу алоқа ӯро ба мактаби Мактаби олии сенариянависон ва коргардонҳои Маскав бурд ва  соли  1993 ин мактаби ҳунариро хатм кард. 

Муддате дар киностудияи “Тоҷикфилм” коргардон буд. Соли 2004 баъди хатми бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ва дарёфти дипломи ҳуқуқ муддате коршиноси ҳуқуқии Бонки ҷаҳонӣ буд ва баъди он то поёни умр дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе ифои вазифа мекард.

Ин коргардони пуровозаи кишвар наздик ба 25 филм сохта буд, ки чандин ҷоизаҳои байналмилалиро ба Тоҷикистон оварда буданд. 

 Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.