Пешниҳоди аҷиби Путин ба Байден: аз пойгоҳи низомии мо дар Тоҷикистон истифода кунед

Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод кардааст, ки Амрико метавонад барои ҷамъоварии маълумот дар мавриди Афғонистон аз пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон истифода кунад. Ин пешниҳодро Путин дар нахустин дидораш ба Байден дар Женева додааст.

Хабаргузории "Ройтерз", ҳафтаи гузаштабо нақл аз рӯзномаи "Коммерсантъ"-и Русия навиштааст, ки Путин гуфтааст, ки Амрико метавонад аз пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон истифода кунад. 

Дар гузориш омадааст, ки ин пешниҳод шомили  ба давт овардани иттилоот тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин низ мешавад. Вале "Ройтерз" навиштааст, ки Амрико то кунун ба ин пешниҳод посухе надодааст.

Ин пешниҳоди Русия дар ҳолест, ки ин кишвар пештар гуфта буд, ки ИМА наметавонад дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пойгоҳи низомӣ дошта бошад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеч кадоме то кунун ба ташкили пойгоҳҳои низомии ИМА дар қаламрави худ, пас аз хуруҷи неруҳои ин кишвар аз Афғонистон ризоят надодаанд. Ин дар ҳоле, ки баъзе аз мақомҳои амрикоӣ гуфта буданд, ки ҳукумати ин кишвар ба дунболи ташкили пойгоҳи низомӣ дар яке аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аст.

Зоҳиран Покистон ҳам барои эҷоди пойгоҳи низомии ИМА розӣ нашудааст. Дар ин бора моҳи гузашта Имрон

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия бори дигар гуфт, ки хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон  вазъияти сиёсӣ ва ноамниро дар ин кишвар номушаххастар мекунад ва таҳдидҳои  террористӣ дар минтақаро низ, афзоиш медиҳад.  Ӯ ин суханонро дар нишасти мақомҳоиаршади осиёӣ дар Тошканд мегуфт ва таъкид кард, ки Русия мехоҳад ба оғози дигарбораи гуфтушунидҳо миёни тарафҳои даргири Афғонистон кӯмак кунад. 

Сергей Лавров пештар гуфта буд, ки ҳузури беш аз 100 ҳазор неруи амрикоӣ ва НАТО дар 20 соли ахир дар Афғонистон Амрикоро ба пирӯзи нарасонид ва акнун эҷоди як пойгоҳи низомӣ дар берун аз Афғонистон бо неруи камтар чӣ натиҷае дода метавонад. 

Ин дар ҳолест, ки то поёни маъмурияти ИМА дар Афғонистон, тибқи ваъдаи Ҷо Байден, камтар аз ду моҳи дигар (11 сентябр) мондааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...