Пешниҳоди аҷиби Путин ба Байден: аз пойгоҳи низомии мо дар Тоҷикистон истифода кунед

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод кардааст, ки Амрико метавонад барои ҷамъоварии маълумот дар мавриди Афғонистон аз пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон истифода кунад. Ин пешниҳодро Путин дар нахустин дидораш ба Байден дар Женева додааст. Хабаргузории "Ройтерз", ҳафтаи гузаштабо нақл аз рӯзномаи "Коммерсантъ"-и Русия навиштааст, […]

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод кардааст, ки Амрико метавонад барои ҷамъоварии маълумот дар мавриди Афғонистон аз пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон истифода кунад. Ин пешниҳодро Путин дар нахустин дидораш ба Байден дар Женева додааст.

Хабаргузории "Ройтерз", ҳафтаи гузаштабо нақл аз рӯзномаи "Коммерсантъ"-и Русия навиштааст, ки Путин гуфтааст, ки Амрико метавонад аз пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон истифода кунад. 

Дар гузориш омадааст, ки ин пешниҳод шомили  ба давт овардани иттилоот тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин низ мешавад. Вале "Ройтерз" навиштааст, ки Амрико то кунун ба ин пешниҳод посухе надодааст.

Ин пешниҳоди Русия дар ҳолест, ки ин кишвар пештар гуфта буд, ки ИМА наметавонад дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пойгоҳи низомӣ дошта бошад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеч кадоме то кунун ба ташкили пойгоҳҳои низомии ИМА дар қаламрави худ, пас аз хуруҷи неруҳои ин кишвар аз Афғонистон ризоят надодаанд. Ин дар ҳоле, ки баъзе аз мақомҳои амрикоӣ гуфта буданд, ки ҳукумати ин кишвар ба дунболи ташкили пойгоҳи низомӣ дар яке аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аст.

Зоҳиран Покистон ҳам барои эҷоди пойгоҳи низомии ИМА розӣ нашудааст. Дар ин бора моҳи гузашта Имрон

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия бори дигар гуфт, ки хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон  вазъияти сиёсӣ ва ноамниро дар ин кишвар номушаххастар мекунад ва таҳдидҳои  террористӣ дар минтақаро низ, афзоиш медиҳад.  Ӯ ин суханонро дар нишасти мақомҳоиаршади осиёӣ дар Тошканд мегуфт ва таъкид кард, ки Русия мехоҳад ба оғози дигарбораи гуфтушунидҳо миёни тарафҳои даргири Афғонистон кӯмак кунад. 

Сергей Лавров пештар гуфта буд, ки ҳузури беш аз 100 ҳазор неруи амрикоӣ ва НАТО дар 20 соли ахир дар Афғонистон Амрикоро ба пирӯзи нарасонид ва акнун эҷоди як пойгоҳи низомӣ дар берун аз Афғонистон бо неруи камтар чӣ натиҷае дода метавонад. 

Ин дар ҳолест, ки то поёни маъмурияти ИМА дар Афғонистон, тибқи ваъдаи Ҷо Байден, камтар аз ду моҳи дигар (11 сентябр) мондааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.