Аз лиҳози шаффофият буҷети Тоҷикистон дар мавқеъҳои охири радабандии ҷаҳонӣ қарор дорад

Asia-Plus

Нишондиҳандаи баландтарин дар Гурҷистон – 81 балл, сипас Русия – 74, Қирғизистон – 63. Қазоқистон – 58, Муғулистон – 56, Туркия – 51 ба қайд гирифта шудааст. Нишондиҳандаи аз сатҳи мёина пасттар дар Озарбойҷон – 35 балл сабт шудааст. Тоҷикистон бо касби 17 балла аз 100 балл байни 117 кишвари дунё зинаи 101-умро ишғол мекунад. Нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ – 45 балл аст.

Коршиноси масоили иқтисодӣ Уктам Ҷумъаев мегӯяд, баъзе ҳуҷҷатҳои буҷет ҳаҷми ҳадди ақалли маълумотро доро мебошанд. Байни онҳо лоиҳаи буҷети давлатӣ ва буҷети шаҳрвандӣ ҳаст. “Дар марҳилаи иҷро ва назорати буҷет ҳисоботи солона нашр нашуда, ҳамчунин гузориши аудиторӣ низ ба ҷомеа дастрас нест”, – иброз дошт Ҷумъаев.

Иштироки ҷомеа дар ҷараёни қабул ва татбиқи буҷет дар сатҳи паст қарор дорад. Бо нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонии 14 аз 100 балл нишондиҳандаи Тоҷикистон ду баробар пасттар мебошад. Аз рӯйхати кишварҳои дар боло зикршуда Туркия бо нишондиҳандаи сифр дар зинаи охир қарор дошта, дар сегонаи пешсафон – Қирғизистон, Гурҷистон ва Русия низ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи назорати давлатии ҷараёни иҷрои буҷет нишондиҳандаи баландтар дорад. Нишондиҳандаи назорат аз ҷониби мақоми назоратӣ ба 64 балл ва санҷиши аудиторӣ – ба 61 балл расид.

Баланд шудани сатҳи шаффофияти буҷет бояд яке аз афзалиятҳои калидии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 бошад.

Қисмати зиёди маълумоти буҷети давлатии Тоҷикистонӣ, ки аҳли ҷомеа ба он таваҷҷуҳ доранд, махфӣ мебошанд. Ғайрирасмӣ, лекин онҳоро ба мо нишон намедиҳанд.

Барои андозсупорандагон хароҷот ба мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суду прокуратура, ҳаҷми маблағгузорӣ ба вазорату идораҳо, палатаи поёнӣ ва болоии парлумон, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дастнорас аст.

Инчунин дар бораи қарзи давлатӣ бо шумули меъёрҳои фоизаш ба таври кофӣ маълумот дастрас набуда, ба моддаи “дигар” хароҷот садҳо миллион сомонӣ масраф мешаванд, ки аз он андозсупорандагон огаҳӣ надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...