Кумитаи дин: “Масҷиди нави Душанбе бе ҳузури меҳмонони Қатар кушода намешавад”

Маросими ифтитоҳи Масҷиди нави марказии Душанбе замони ташрифи ҳайати Қатар ба Душанбе боз мешавад. Зимни нишасти матбуотии имрӯз, 22 июл раиси Кумитаи дини ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода дар ин робита изҳор намуд, ки бинои масҷид пурра омода буда, маросими расмии ифтитоҳи он бо сабаби вазъи эпидемиологӣ мавқуф гузошта шуд. “Ин лоиҳаи дуҷонибаи байнулмилалии Тоҷикистону Қатар мебошад, […]

Маросими ифтитоҳи Масҷиди нави марказии Душанбе замони ташрифи ҳайати Қатар ба Душанбе боз мешавад.

Зимни нишасти матбуотии имрӯз, 22 июл раиси Кумитаи дини ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода дар ин робита изҳор намуд, ки бинои масҷид пурра омода буда, маросими расмии ифтитоҳи он бо сабаби вазъи эпидемиологӣ мавқуф гузошта шуд.

“Ин лоиҳаи дуҷонибаи байнулмилалии Тоҷикистону Қатар мебошад, – иброз дошт номбурда. – Мувофиқи таҷрибаи маъмули байнулмилалӣ маросими ифтитоҳ бо иштироки ҳар ду ҷониб доир мегардад”.

Сулаймон Давлатзода зимнан зикр кард, ки бо имконпазир шудани шароити мусоид ин иншоот боз карда мешавад.

Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон  бо мусоидати раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд.

Бунёди ин масҷид дар Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 9 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро ҳукумати Қатар ҷудо кард.

Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст.

Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра, ҳамчунин боз 20 манораи хурду калон иборат аст.

Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти динии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.