Дар Тоҷикистон ҳамарӯза 37 ҳолати риоя нашудани қонунгузории истифодаи замин сабт мешавад

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотии рӯзи 21 июл дар бораи ҳолатҳои зиёди риоя нашудани қонунгузорӣ дар соҳаи тақсиму истифодаи замин хабар дод. Бино ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳамарӯза 37 ҳолати риоя нашудани қонунгузории истифодаи замин сабт мешавад. Ориф Хоҷазода хабар дод, ки нимсолаи аввал аз ҷониби […]

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотии рӯзи 21 июл дар бораи ҳолатҳои зиёди риоя нашудани қонунгузорӣ дар соҳаи тақсиму истифодаи замин хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳамарӯза 37 ҳолати риоя нашудани қонунгузории истифодаи замин сабт мешавад.

Ориф Хоҷазода хабар дод, ки нимсолаи аввал аз ҷониби Кумита 6 ҳазору 686 ҳолати қоидавайронкунӣ дар қонунгузории замин ошкор шуда, аз рӯи 5 ҳазору 988 ҳолат санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Раиси Кумита инчунин гуфт, ки имрӯзҳо дар сафи кумита тозакунии кормандоне, ки дар фасод ва қаллобӣ бо замин даст доранд, идома дорад:

– қонуншиканон ба маблағи умумии наздики 2,9 млн сомонӣ ҷарима шуданд;

– дар мақомоти прокуратура 134 парванда боз шуд, ки номҳои 11 корманди кумита, 40 корманди корхонаи “Сабти амволи ғайриманқул” ва 15 заминсозони ҷамоатҳо зикр шудааст;

– 8 раиси кумитаҳои идораи замини маҳаллӣ ва 9 директори корхонаҳои фаръии “Сабти амволи ғайриманқул” аз мансабҳояшон барканор шуданд.

"Замин имрӯз мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст, – гуфт Хоҷазода. – Мо кормандони беинсофро аз кор меронем ва ҷазо медиҳем. Аз тарафи дигар, кадрҳои бовиҷдон ва саводнок намерасанд».

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан дар ин робита изҳор намуда буд, ки “бархе аз раисои шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои деҳот ба ҷойи монеъа шудан ба қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин, худашон қарорҳои ғайриқонунӣ содир намуда, инчунин ғайриқонунӣ ба аҳолӣ қитъаи замин ҷудо мекунанд”.

“Беназоратӣ дар масъалаи тақсимоти замин ба он оварда расонид, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои муташаккиле пайдо шуданд, ки дар ҳамдастӣ бо шахсони масъул ба фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин машғуланд”, – изҳор дошта буд сарвари давлат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.