Имрӯз дар Токио Бозиҳои олимпӣ оғоз мешаванд

Asia-Plus

Имрӯз дар Варзишгоҳи миллии пойтахти Ҷопон – Токио Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ-2020 оғоз мегарданд. Оғози маросими ифтитоҳ – соати 16:00 ба вақти Душанбе. Пахши мустақими маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпиро дар шабакаи аввали телевизиони Русия метавон тамошо кард.

Бар асари пандемияи коронавирус маросими ифтитоҳи Бозиҳо бе ҳузури тамошобинон баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, барномаи ифтитоҳ кӯтоҳ нашуда, тамошобинони телевизион намоишномаи ҷолиб, гузашти дастаҳои иштирокчӣ ва афрӯхтани оташи Бозиҳоро тамошо карда метавонанд.

Дар сафи аввали қатори гузашти дастаҳо Юнон қарор дошта, тими мизбон – Ҷопон ба гузашт хотима мебахшад.

Барномаи олимпӣ ҳам тағйир ёфт. Чун Бозиҳо таҳти рамзи баробарии гендерӣ мегузаранд, ба барномаи мусобиқаҳо навъҳои занона дохил шуда, мусобиқаҳои омехта зиёдтар шуданд.

Ба дастандаркорони чорабинӣ қариб муяссар гардид, ки ба баробарии мутлақи гендерӣ ноил гарданд: ҳиссаи занони варзишгар 48,8%-ро ташкил медиҳад. Дар Бозиҳои пешин ин ҳисса камтар буд: дар Лондон – 44,2% ва Рио – 45%.

Рамз (талисман)-и умумии Олимпиада-2020 “Ояндаи ҷовидон” бо рангҳои кабуду сафед аст. Номи он Мирайтова буда, ба калимаҳои ҷопонии “мирай” (оянда) ва “това” (ҷовидон) асос ёфтааст.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио, 10 варзишгар – ҷудокорон Сомон Маҳмадбеков (вазни то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи  Устопириён (то 90 кг), Темур Раҳимов (то 100 кг);  боксчиён –  Баҳодур Усмонов (то 63 кг), Шаббос Неъматуллоев (то 81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (зиёда аз 91 кг); варзиши сабук – Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м); шиноварон – Олимҷон Эшонов (тарзи озод, 50 м) ва Анастасия Тюрина (тарзи озод, 50 м) намояндагӣ мекунанд.

Парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио ҷудокор Темур Раҳимов мебошад. Бо назардошти варзишгарон, шумори ҳайати олимпии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст.

Ёдрас мекунем, ки шумори варзишгароне, ки аз Тоҷикистон дар ин Бозиҳо намояндагӣ мекунанд, кам шуда, бар асари ҷароҳат гирифтан Гулсумбӣ Шарифова, ки бояд дар давидан ба масофаи 200 м рақобат мекард, ба Бозиҳо рафта натавонист. 

Бино ба маълумоти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, дар ин Бозиҳо 11 ҳазор варзишгар аз 204 кишвари саросари дунё ширкат хоҳанд варзид. Дар муддати 16 рӯз (23 июл – 8 август) дар 33 навъи варзиш барои дарёфти 339 маҷмӯи медалҳо рақобатҳо сурат мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...